Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

 

Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуданд.

Барои пешгирӣ ва мубориза ба коррупсия соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, онро ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид намудааст.

Дар асоси ин заминаҳои ҳуқуқӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба зиммаи мақомоти номбурда вазифаҳои муҳимму мураккаб гузошта шуда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона карда шудаанд.

Дар давраи 14 соли фаъолият санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қабул гардида, як қатор санадҳои зерқонунӣ ва дохилиидоравӣ ба тасвиб расидааст.

Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 10 январи ҳар сол «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷашн гирифта мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати шахсии кормандони Агентиро бо иди касбӣ муборакбод гуфта, ба онҳо дар ҷодаи кору пайкор баҳри ободии Ватани маҳбубамон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандем.

 

Роҳбарияти Агентии назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза

бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия

 

Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид.

Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то суиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамуд.

Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кушиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид.

Дар ин замина 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттахид дар тамоми ҷахон эълон карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд.

Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.

Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва ду маротиба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 11 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 қабул намудани “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” ва дигар санадҳои зериқонунӣ аз ҳамин қабиланд.

Дар баробари ин, ду маротиба қабул ва роҳандозӣ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ноил гардидан ба муборизаи дастаҷамъона зидди ин зуҳуроти номатлубро таъмин намуда, боиси аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии кишвари мо гардидааст.

Бешубҳа мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия дар маълумотҳои дарҷгардида ба таври равшан ба назар мерасад.

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад.

    Дар навбати худ, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри решакан намудани ин падидаи зиддиарзишӣ аз тамоми имкониятҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

           Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Парчами давлатӣ ифтихори мост!

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ,  24 ноябри соли 1992 бо сарварии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин санадҳои таърихиро “Дар бораи парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул намуд. Бо шарафи истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият ва яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон мебошад. Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва девораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.

Дар марҳалаи гузоштани пойдевори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон парчам рамзи истиқлолият, ваҳдат ва якпорчагии сарзамин ва ҳамдилии мардуми моро муаррифӣ намуда, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Равобити дӯстиву робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфта, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Парчами миллии тоҷикон дар маъракаҳои мутантани сиёсиву фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ва маъракаҳои байналмилалӣ, ки дар он намояндагони Тоҷикистон ширкат меварзанд дар қатори парчами дигар кишварҳои ҷаҳон парафшон шуда, давлати Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Парчами миллӣ нигаҳдорандаи нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллати тоҷикон буда, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу муқаддас аст.

Истиқлолияти Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки кишвар ва миллати моро ҷаҳониён шиносанд, қадр кунанд ва ба арзишҳои фитрӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арҷ гузоранд. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ озмуну конкурсҳои давлатҳои хориҷӣ ширкат намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва боиси сарфарозист, ки бо ҳар як муваффақияти шаҳрвандони Тоҷикистон берун аз кишвар парчами миллии тоҷикон баланд мегардад ва аз соҳибтамаддуну соҳибистиқлол будани миллати тоҷик дарак медиҳад.

Хушбахтона сарвари кишвари мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз чеҳраҳои барҷаста ва баргузидаи сиёсати ҷаҳониянд. Ин пирӯзи ва саодати миллати тоҷик аст, ки баробар бо иштироки Пешвои миллат дар минбарҳои баландпояи ҷаҳонӣ парчами миллии тоҷикон партавафшон аст. Бояд зикр кард, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Пешвои миллат баландтарин парчам дар ҷаҳон дар пояи 165 - метр парчами тоҷикон сар ба афлок кашид ва то имрӯз мавҷҳои он муждарасони иқболу истиқлолияти миллату кишвар аст. Майдоне, ки парчами миллии мо парафшонӣ мекунад имрӯз ба гӯшаи зеботарини сайргоҳ, фароғатгоҳ чун рамзи ифтихор, озодӣ, ободӣ, осоиштагӣ табдил ёфта, нишон аз завқу заковат ва маданияту маърифати шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар баробари ворид шудан ба ин майдон эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардуми тоҷик боз ҳам зиёд мегардад. Ҷавонони кишвар имрӯз бо ифтихор дар зери парчами миллӣ муттаҳид шуда, баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлол саъю талоши бештар мекунанд.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён» - и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг - ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Аз он чарм, к – оҳангарон пушти пой

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард....

Чу он пӯст бар найза – бар дид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар – ш бум.

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,

Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурҳу зарду бунафш,

Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дурафш”

Бигузор парчами миллии тоҷикон ҳамчун рамзи пирӯзӣ, сулҳу ваҳдат ва саодати миллати куҳанбунёд ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди мо дар партави он ҳамеша шукргузор ва бо ифтихор зиндагӣ кунанд.

        Шумоёни азизро бо ҷашни муборак таҳният намуда, ба ватани маҳбубамон шукуфоӣ ва ба хонадони ҳар як фарди ҷомеа ободиву хушбахтӣ таманно менамоем.

         Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.


             Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Сифатҳои вижа ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад. Баъди побарҷо намудани рукнҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, бунёди иншооти муҳими мавриди ниёз, минҷумла мактабу биноҳои маъмурӣ, такон бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти наву замонавӣ нақши меҳварӣ пайдо намуданд.

Дар саргаҳи ин бунёдкориҳо, дигаргунсозиҳо, пешрафтҳо, ободониҳо ва тозакориҳо афроди миллатдӯсту меҳанпараст ва ватанхоҳ қарор доранд, ки ҳамарӯза дар пайи пеш гирифтани иқдоми тоза ба манфиати ҷомеа мебошанд. Дар ин фароянд заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми ҷолиб доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накӯву созандаи ин чеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори чеҳраи миллат дар ойинаи чеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд:

Якум, сиёсатшиносон ва коршиносони масоили иҷтимоӣ барқарории сулҳу таҳкими амниятро аз дастовардҳои муҳимтарини Эмомалӣ Раҳмон баршумурдаанд, ки ба хислатҳои сабурӣ, таҳаммулпазирӣ ва доштани иродаи қавии сиёсӣ вобастагӣ дорад. Бидуни доштани хислатҳои мазкур ба чунин дастовард ноил шудан ғайриимкон аст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, зеро меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ будани ин шахсиятро ҳам дӯстон ва ҳам мухолифони Президент бидуни тардид қабул доранд.

Дар муддати кӯтоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки риштаи ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, кори саҳлу содда набуд. Ба Ватан бозгардонидани гурезагон, ба ҳаёти осоишта сафарбар намудани силоҳбадастон, таъмини манзилҳои маскунӣ ва фароҳам овардани шуғл ба ниёзмандон аз ҷумлаи корҳои таърихие буданд, ки бо камоли кордонӣ ва фарҷоми нек пазируфтанд. Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткӯш раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси дунявӣ ҳамвор кард. Ин махсустияти муҳимтарини мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳсуб мегардад.

Дуввум, тавъам будани қавлу амал аз хислатҳои дигари Президент ба шумор меояд. «То гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, худро ҳамчун Сарвари давлат осуда эҳсос намекунам» - чунин буд қавли нахусти Президент, ки аз минбари иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон садо дод.

Сарвари давлат барои амалӣ намудани ин қавл тамоми ҳастияшро ба кор дод, домони ҳиммат бар зада, беш аз як миллион гурезаро аз Афғонистону Покистон Эрону Русия ва мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ба сарзамини аҷдодӣ бозгардонд. Таърих чунин ҷоннисории фардеро кам ба ёд дорад, ки ҳатто мухолифони ақидатиашро ба меҳан бозгардонида бошад.

Бунёди нақбу роҳҳо, дар шароити буғранҷи иқтисодӣ тақсими 75 ҳазор га замин ба деҳқонон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат, таъмини амнияти энергетикӣ ва идомаи сохтмони НОБ-и Роғун аз тавъам будани қавлу амали ин бузургмард далолат мекунад. Тақсими замин ба кишоварзон ва раванди босуръати созандагӣ мушобеҳи «инқилоби сафеди шоҳ ва мардум» - Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон аст, ки то кунун бо муҳаббат сари забони мардуми ин кишвар қарор дорад.

Сеюм, қолабшиканӣ ва раҳонидани мардум аз чаҳорчӯбаи суннатҳои шахшудаи ба рушди ҷомеа ва қарни ХХ1 номувофиқ нишонаи вижаи амалкарди Президент дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми тоҷикро аз анъанаҳои маросими марг, амсоли додани «иртиш», оростани дастурхон ва додани хӯрок барои «оши сари тахта», «моҳ», «чил» ва «сол» раҳонид ва мардум дар шароити буҳронӣ қомати худро рост кард. Ба низом овардани маросими тӯй ва маъракаҳо, ҷорӣ намудани маҳдудият барои дигар чорабиниҳои тафреҳӣ аз сӯйи ҷомеа ба дилгармӣ истиқбол гашта, ин амали манфиатбор аз ҷониби роҳбарони давлатҳои ҳамҷавор низ бо мамнуният пазируфта шуд.

Мамнӯъ шуморидани никоҳи хешутаборӣ, ки реша ба суннатҳои таърихӣ дорад, зарбаи шадид ба генофонди миллат ба ҳисоб меомад. Бо ҳидоятҳои раҳнамунсозу созандаи Пешвои миллат афкори қолабии ҷомеа дар ин самт билкулл тағйир ёфт, собит намудани оқибатҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ имкон дод, ки ҷавонон дар бунёди оила аз ақли солим кор бигиранд. Шикастани чаҳорчӯбаи суннатӣ боис гардид, ки ваҳдати маҳалу минтақаҳои гуногуни кишвар муқтадир гардида, афкори умумимиллӣ дар ин самт падид ояд, зеро ваҳдати ҷомеа аз оила шакл мегирад.

Дар сиёсат, идеология, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг ва давлатдории навини Тоҷикистон шикастани чаҳорчӯбаи суннатиро мушоҳида намудан мумкин аст. Таҷрибаи байналмилалии сулҳи тоҷикон, ки онро СММ ба ҳайси таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт, дар заминаи синтези таҷрибаҳои таърихӣ ва муҳимтар аз ин, шикастани таҷрибаҳои суннатӣ ва дар заминаи навоварӣ рӯйи кор овардани таҷрибаи нави сулҳофаринӣ сурат гирифт. Муншии умумии вақти СММ Кофе Анан ва дигар абармардони ҷаҳони сиёсат онро чун «таҷрибаи беназир ва муваффақ дар ҷаҳони муосир» эътироф намуданд.

Ҳамбастагӣ бо мардум, хидмати содиқона ба халқу Ватан, фурӯтаниву воқиф шудан аз рӯзгори қишрҳои гуногуни ҷомеа, сила намудани сари ятимон, бекасону барҷомондагон ва бо ин мақсад пайваста сафар намудан ба гӯшаву канори кишвари маҳбуб, меҳмони деҳқонону кишоварзону аҳли ҳунар ва ашхоси ниёзманд гардидану ба ин васила ҳамдастӣ дар ҳалли мушкилоти мардум аз сифатҳои чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин чеҳраи мунавварфикр дар маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 хоксорона, вале самимона иброз дошт, ки “Ман ба нону намаки халқи базургворам ба ин мартаба расидаам. Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубониҳои ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.

Дар ҳар вожаву ибори ин иқтибос як кори хайру амали солеҳ ва муҳимтар аз ин, ҷузъи мардум будану муҳаббати самимӣ варзидан бо миллатро дарёфтан мумкин аст.

Дар анҷом Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамон ва кормандони мақомотро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки сокинони кишвар фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамояд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Конститутсия - қонуни асосии давлат ва ҷамъият

 

Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 26 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Албатта яке аз рамзи давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи тоҷик дар асоси рукнҳои он амал менамояд. Ҳама он санаду фармонҳо дар асоси Конститутсия аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешавад. Конститутсия ин «Шоҳсутун» ва «Шиноснома»-и давлат мебошад. Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад.

Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ба он 3 маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 таѓйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, соҳибихтиёрии халқ, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии марзи давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъият, таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар намуда, як қатор муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиву давлатиро ба танзим даровардааст.

Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Қонуни асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар дар роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи нави он асос гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд.

Соли 2020 дар ҳаёти кишвари мо як рӯйдоди фараҳбахше аз таърихи давлату давлатдорӣ нақши худро гузошт. Мо Президент, Сарвари давлатамонро интихоб намудем. Мо Сарвареро бори дигар интихоб намудем, ки барои Ватану миллати худ ҷони худро дареѓ надошта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар ҷонбозиҳо намуда мардуми кишвараш Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллалӣ шиносонид. Қаҳрамониҳои фарзанди барӯманди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Чи хеле ки аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ бармеояд: «Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, Қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои муътабари ҳуқуқи байналмиллалӣ такя мекунад.».

Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро эълон намуда, кафолати амалишавии онҳоро муқаррар кардааст, ки ин ҳама дар маҷмӯъ шароити заруриро барои инкишофи озодии инсон фароҳам меорад.

Конститутсияи мо давлату давлатдории навинро асос гузошта, тамоми рукнҳои онро масъул сохтааст, ки дар чаҳорчӯбаи муайяншуда фаъолият намоянд. Дар ин замина рушду такомули доимии онҳо бо дарназардошти шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, таърихиву анъанавӣ ва миллии кишварамон аз вазифаҳои муқаддаси мо мебошанд. Аз он ҷое, ки Конститутсия қонуни асосии давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад, тибқи меъёрҳои он амал намудан вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, ба хусус фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ раҳсипор менамояд.

Мо дар ҳамбастагӣ ва пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азизро ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу менамоем. Бигузор истиқлолияти бадастовардаи халқи тоҷик абадан боқӣ монда, шаъну шарафи миллати тоҷик дар ҷаҳон боло гирад ва сарбаландиву некномиҳои ҳар як фарди тоҷикистонӣ дар қалбҳои мардуми сайёра хотираи дурахшонро боқӣ гузорад.

 

  

   Роҳбарияти Агентии назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза

бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ