Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Бегоҳии рӯзи 5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон муҳтарам Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.

Чоп намудан E-mail

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳайати кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибати хотирмон табрик гуфта, аз таърихи оғози бунёди иншооти нав ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлатии кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки ин маҷмааи биноҳои бо дастгирии муҳтарам Си Ҷинпин бунёд гардида, дӯстии пойдор, рӯҳияи рафоқат ва муносибатҳои неки ҳамсоягии мардумони Тоҷикистону Чинро инъикос мекунад.

Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дастгириҳои доимӣ аз раванди рушду пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва саҳми муассир дар бунёди маҷмааи биноҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии биноҳои боҳашамати Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин рӯйдоди хотирмони таърихӣ табрику таҳният гуфтанд ва ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми ҳамсоякишвари бузург барои ин кумаки пурарзиши беғаразона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

Сипас, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бо шароити корӣ дар бинои Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд.

Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидааст.

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Дар рафти сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ бунёд гардид. Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода шудааст.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.

Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд шудааст.

Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудааст. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо шароити бинои Парлумон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба кори босифати бинокорон баҳои баланд доданд.

Бунёди биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи муносибатҳои судманду самимии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бунёду ба истифода дода шуд, метавон намунаи олии ҳамкории ду кишвар номид.

Чоп намудан E-mail

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Дӯстони гиромӣ!

Нахуст бо камоли самимият мехоҳам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони азизамон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпинро бори дигар хайрамақдам бигӯям.

Мо ин ташрифи Шуморо, дӯсти гиромӣ, чун рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон арзёбӣ менамоем.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Дар ҷараёни музокироти имрӯза, ки дар фазои анъанавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷараёни баррасиҳо аз сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду ҳамсояи наздик ва дастовардҳои назаррас дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҳошияи мулоқотҳои имрӯза маҷмӯи нави санадҳо ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёт, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва сармоягузорӣ, ҳамчунин, дар самтҳои фарҳангиву гуманитарӣ таҳким мебахшанд.

Зимни баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин мо дар робита ба роҳҳои пешбурди минбаъдаи онҳо ба мувофиқаҳои муҳим расидем.

Ба масьалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид ва ин самт арсаи бунёдии шарикии мо дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шарикони муҳимтарин ва раддаи аввали тиҷоратии кишвари мо боқӣ мемонад.

Гардиши мол миёни кишварҳои мо соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба андозаи зиёда аз 24 фоиз афзоиш ёфт.

Ин раванд соли ҷорӣ дар ҳоли рушди бештар қарор дорад.

Ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз дуюним (2,6) миллиарди он сармояи мустақим мебошад.

Ширкатҳои «Зарафшон» (“Зи Ҷин Голд”), маҷмааи саноати бофандагии «Джунтай — Дангара Син Силу Текстил», «Хуаксин семент-Ёвон» ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкориҳои самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб меёбанд.

Дар маҷмӯъ имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад.

Он ҳам қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид.

Дар чорчӯби ин чорабинӣ ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид менамояд.

Ду ҷониб аз идомаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси «Як камарманд — як роҳ» изҳори қаноатмандӣ карданд.

Соҳаи нақлиёту коммуникатсия ба сифати самти дигари авлавиятнок дар робитаҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.

Мо манфиатдории худро ба пешбурди ҳамкориҳо дар ин ҷода, ки барои рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд, изҳор кардем.

Таъкид гардид, ки бунёду таҷдиди роҳ дар минтақаи “Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон” долони транзитии “Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия”-ро такмил хоҳад бахшид.

Вобаста ба ин, пешниҳод намудем, ки имконияти бунёду навсозии қитъаи шоҳроҳи “Душанбе-Кулма” дар минтақаи ноҳияи Рӯшон то гузаргоҳи сарҳадии “Кулма — Қарасу”мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ҳамчунин, мо пешниҳод дорем, ки ҷиҳати бунёди роҳҳои автомобилгард ва оҳан дар масири “Чин-Тоҷикистон-Афғонистон” ба манзури густариши робитаҳо ва тавсеаи тиҷорати минтақавӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар баробари нақлиёту коммуникатсия мо ҳавасмандии ҷониби худро ба ҷалби бештари сармояи Чин ба бахшҳои гуногуни саноат, бахусус, саноати сабук ва хӯрокворӣ, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод, зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳо таъкид намудем.

Мо чунин мешуморем, ки таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод таҳкурсии мустаҳками рушди муштараки Тоҷикистону Чинро ташкил медиҳанд.

Кишвари мо аз иштироки ҳарчи бештар фаъолонаи соҳибкорони Чин ҷиҳати бунёди паркҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсолоти калонҳаҷми муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истиқбол хоҳад кард.

Мо, ҳамин тартиб, ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, бахусус, дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босурьат аҳаммияти хосса зоҳир намудем.

Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан дар соҳаи саноат ва ба роҳ мондани истеҳсоли “маҳсулоти сабз” бо арзиши баланди иловашуда ва “технологияҳои сабз”, аз ҷумла автомашинаҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои электрикии ҳушманд аз бахшҳои авлавиятнок дар ин ҷода дониста шуданд.

Аз саҳми ҷониби Чин дар сохтмону навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос кардем.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои табиии худ, ният дорад дар оянда иқтидорҳои тавлиди энергияи таҷдидшавандаро чун заминаи калидии пешбурди “иқтисоди сабз” дучанд афзоиш диҳад.

Дар ин замина аз густаришу тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, бахусус, вобаста ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ ҳамаҷониба истиқбол менамоем.

Омодаем, ки дар ин самт ҳамкориҳои созанда ва барои ҷонибҳо судмандро бо Чин тавсеа бахшем.

Мо аз раванди мусбати ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва вусъат ёфтани робитаҳо миёни мақомоти қонунгузории кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо роҳҳои густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ муҳокима карданд.

Зикр гардид, ки ин самт бо татбиқи тарҳу барномаҳои муҳим дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг тадриҷан ғанӣ мегардад.

Зимни изҳори сипос аз бурсияҳои таҳсилии давлати Чин, ки бо истифода аз онҳо имрӯз беш аз 5 ҳазор ҷавонони мо дар макотиби олии Чин таҳсил менамоянд, хостори баррасии имконияти зиёд намудани шумораи онҳо гардидем.

Мо аз тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи дорусозӣ ва умуман, тандурустӣ, бахусус дар бахши пешгирӣ ва назорати эпидемияҳо, тибби муосир ва анъанавӣ ҷонибдорӣ намудем.

Тоҷикистон ҳамкории самарабахши худро бо Чин дар соҳаи амният муҳим медонад ва онро шарики боэътимод дар ин самт меҳисобад.

Ҳамкории мо ба хотири мубориза бо «се нерӯи бадӣ» — терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ, ҳамчунин, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, ҳамчунин, дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ густариш меёбад.

Мо аз натиҷаҳои мусбати ҳамдастии ҷонибҳо дар мавриди муқовимат ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ қаноатманд буда, аз идомаи ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти соҳавии давлатҳоямон дар ин арса ҷонибдорӣ менамоем.

Дар мулоқоти имрӯза оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт.

Тоҷикистон ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ҷонибдори ҳаллу фасли осоиштаи ҳамаи низоъҳо мебошад.

Дар заминаи муҳокимаи вазъияти имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи мо қарор дошт.

Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки мо ҳамсояҳои Афғонистон ба истиқрори сулҳу субот дар он беш аз ҳама манфиатдорем ва дар ин раванд таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро омили калидӣ мешуморем.

Кишварҳои мо дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳои фаъол доранд.

Ду ҷониб тақвияти муколамаро дар доираи абзори Осиёи Марказӣ – Чин ба мақсади ташаккули шароити мусоиди барои пешрафту ободии минтақа созгор донистанд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки муколамаи фаъоли сиёсиро аз рӯи тамоми маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома диҳем.

Дар фарҷом бори дигар муҳтарам ҷаноби Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин ва ҳайати ҳамроҳашонро дар сарзамини Тоҷикистон “хуш омадед” мегӯям ва барояшон сиҳатмандӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои боздиди кунунии Шумо, дӯсти гиромӣ, аз Тоҷикистон ба рушду таҳким ва тақвияти муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии мо такони қавӣ хоҳанд бахшид.

Акнун бо камоли майл риштаи суханро ба Шумо, дӯсти гиромӣ, медиҳам.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд.

Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд.

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин;

Номаҳои табодулӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар самти нерӯи таҷдидшавандаи чаҳорчӯби Ташаббуси ҷаҳонии рушд;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба маъданҳои нави энергетикӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва мусоидат ба амалишавии Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии рушди ҳамкорӣ байналмилалии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии Чин оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба пешбурди лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт дар соҳаи инфрасохтор;

Созишномаи байниидоравӣ оид ба рушди иқтисодӣ миёни Департаменти робитаҳои байналмилалии Комиссияи миллӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи нав миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Номаҳои табодулӣ оид ба гузаронидани тадқиқоти техникӣ — иқтисодӣ роҷеъ ба сохтмони гузаргоҳи бисёрсатҳа дар шаҳри Душанбе;

Созишнома оид ба пешниҳод намудани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ доир ба содироти хурмои тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳум дар самти карантини воридот ва содироти ҳайвонҳо ва гиёҳҳо байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ”;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мусоидат ба сафарҳои гурӯҳии сайёҳони чинӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва иттилооти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти миллии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкории назди Вазорати эътино оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории мутақобилаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и Тоҷикистон ва рӯзномаи “Жэнмин Жибао”-и Чин;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи далватии “Ҷаҳоннамо” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Чинро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.

Чоп намудан E-mail

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин — ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонда шуданд

 5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин — ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид.

Мутобиқи “Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ” барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонда шуданд.

Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим намуданд.

Муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ — Ордени “Дӯстӣ”- Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар тақдим карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии хизматҳо ва сарфароз гардонидан бо мукофоти олӣ ба Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки равобити давлатҳо дар сатҳи баланди ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтирому дастгирии байниҳамдигарӣ қарор доранд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди пайгиронаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин мутобиқ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар минбаъд низ талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

“Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мардуми худро мебинем. Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина барои мо ҳамеша рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст” — иброз доштанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз афзоиши бемайлони ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ки бо суръати баланд идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, баррасӣ шуд.

Афзоиши минбаъдаи сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод ва зеҳни сунъӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо ва минтақаҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.

Бумисозии истеҳсоли “технологияҳои сабз”, хусусан, мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии ҳушманд аз самтҳои дигар ва ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ, дорусозӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳои ҳамкорӣ табодули андеша намуданд.

Пешниҳод гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин гузаронида шаванд.

Дар рафти мулоқот ҳамкории сатҳи баланди кишварҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, хусусан, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай  таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи кори муштарак оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, зуҳуроти тундгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин, дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ омодагии худро изҳор доштанд.

Бояд гуфт, ки тайи бист соли охир Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи глобалии обу иқлим ба таври фаъол ва пайваста иштирок менамояд.

Дар ин зимн ба ҷониби Чин барои пуштибонии пайвастаи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об изҳори сипос карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Си Ҷинпин будубоши бофароғат дар сарзамини Тоҷикистон орзу намуданд.

Чоп намудан E-mail

Маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Қасри миллат

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмӯи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”.

Антониу Гутерриш дар навбати худ ба нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намудаанд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”.

Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид.

Мавзӯъҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аҳаммияти татбиқи “Эъломияи Душанбе” аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ равона гардидааст, андешаронӣ намуданд.

Дар ин зимн ислоҳоти низоми байналмилалии молиявӣ ба мақсади таъмини маблағгузории мунтазам ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо доир ба таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, бахусус натиҷаи пайомадҳои манфии ин раванд табодули андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати дарёфти роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии тағийрёбии иқлим ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо аз вокуниши муштарак ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон талошҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди устувор, таҳкими сулҳу амният, инкишофи илму технология ва истифодаи навовариҳо, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҷонибдорӣ мекунад.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ