Парчам – рамзи соҳибистиқлолии Ватан!

 

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчам ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад. Парчами давлатии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад.

Воқеан Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кушиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ниёгони мо тоҷдорони даҳр буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба суи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

        Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Парчами давлатии мо, Парчами Тоҷикистони соҳибистиклол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмон афрохтааст. Мо бисёрем, аммо Парчами мо бо ҳама нусхаҳо яктост ва моро дар атрофи худ ҷамъ меорад, ба ягонагӣ дар канори худ мехонад. Ин Парчам бо ҳузури зебо, ҳузури муборак ва вуҷуди бегазанди худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифои Ватанамон ҳамеша бо ҳама вуҷуд омода бошем. Ана барои ҳамин Парчами давлатӣ ҳамеша болост, аз ҳама ҷо падидор аст, то мо ҳамеша онро болои сари худ парафшон бубинем.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми Тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда – «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод мегӯем. Орзумандем, ки ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворем, ки Суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва Парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

Рӯзи Президент рӯзи арҷгузорӣ ба таърих ва шахсиятҳост

 

Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Тантанаи соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намояд.

Мутаассифона, дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мо натавонистем, ки ин неъмати бебаҳоро ба таври дахлдор ҳифз намоем. Ҳодиса ва воқеаҳое, ки бо назардошти омилҳои гуногун ибтидои солҳои 90 - уми қарни гузашта дар рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада, кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Вазъияти мазкур боиси ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Авзои онрӯзаи Тоҷикистон то ба ҳадде пешгӯинашаванда ва мураккаб буд, ки хатари парокандашавии миллат, заволи давлат ва ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистон пеш омада буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, баргардондани гурезагони иҷборӣ ва рӯ ба сӯйи корҳои созандагӣ ҳидоят намудани шаҳрвандони мамлакат ба миён омада буд. Дар ҳамин росто баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI - уми Шӯрои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсозро асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳувияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, ки халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умеди ӯ ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд, пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳар чи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб ёфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дарк менамуд, ки аз иҷрои қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари сохторҳои давлатӣ вобастагии калон дорад. Чунин тадбир метавонист заминаи таъмини ҳаёти осудаҳолонаи сокинон, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, анҷом додани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гардад.

Аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд. Дар Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезаҳо, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст додаанд, инчунин беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии дар Иҷлосия интихобгардида барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд. Ҳанӯз дар рафти Иҷлосия, алалхусус дар баромадҳои Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳуқуқӣ муайян шуданд. Эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ, ташкили ҳокимияти нави давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии арзандаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ, ривоҷи соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, гузаштан ба низоми нави сиёсӣ, фаъолияти озоди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, волоияти қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ дар асоси эҳтироми принсипҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дахолат накардан ба кори ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн дар маҷмӯъ аз ҷумлаи он арзишҳои ҳуқуқӣ буданд, ки ҳанӯз дар рафти фаъолияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат эълон шуда буданд.

Ҳамин тариқ, пеш аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ чун самти стратегии инкишофи минбаъдаи кишвар муайян мешавад. Ин ғоя ва ҳадафи миллӣ дар матни Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 сабт гардид.

Аввалин маротиба дар масири таърих шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намоянд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 яке аз арзишмандтарин ва нодиртарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор меравад. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 21 июли соли 1994 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва якҷоя бо раъйпурсӣ дар баробари қабули Конститутсия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуд. Санаи 6 ноябри ҳамон сол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи интихоботи умумӣ ва мустақим интихоб гардид.

Конститутсияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Бори нахуст рӯзи 16 ноябри соли 1994 дар вазъияти тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиву фаъолияти хешро барои рушду пешрафти Тоҷикистон, таъмини шароити арзандаи зиндагонии ҳар фард, ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебахшад.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Хизматҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, аз ҷониби мақоми Олии қонунгузории кишвар ба он кас моҳи декабри соли 2015 унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сазовор дониста шуд ва дар ин хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз 25 декабри соли 2015 қабул гардид. Баъдан бо назардошти таклифу пешниҳодҳои олимону мутахассисон, коршиносон Қонуни зикршуда дар тарҳи нав бо номи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 қабул карда шуд.

Дар ҳақиқат гузашти солҳо собит намуд, ки дарвоқеъ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор ва хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом доданд. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

Конститутсия – санади олии ҳуқуқӣ

 

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қонуни асосие ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт» ё «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин қонун, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар дарҷ гардида, ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият менамояд.

Дар зери мафҳуми конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.

Гарчанде давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия аввалин маротиба дар ИМА соли 1787 қабул гардида, соли 1789 мавриди амал қарор гирифтааст. Соли 1791 дар Лаҳистон ва Фаронса конститутсияҳои аввалин қабул шуданд ва дар асри ХIХ дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе давлатҳои қитъаҳои Осиё ҷараёни гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба анҷом расид. Ин ҷараён ҳанӯз ҳам дар давлатҳои нави соҳибистиқлолгардида идома дошта, ҳоло кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки конститутсияҳои навишташуда надошта бошанд.

Қабули қонуни асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Конститутсия Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули конститутсияи нави он асос гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд. Гарчанде баъзе меъёрҳои он бо конститутсияҳои пешина умумият доранд, вале баробари ин бисёр ҳолатҳои нав муқаррар карда шудаанд, ки хусусиятҳои давраи нави давлатдории Тоҷикистонро инъикос мекунанд.

Сарчашмаи асосии Конститутсияи нави Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон солҳои 1990-1991 аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар он якумин бор эълон карда шудааст, ки дар марзи Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда мешавад.

Умуман, эъломияҳо таърихан дар тайёр ва қабули конститутсияҳои нав ҳамчун ҷанини сиёсӣ-ҳуқуқӣ хеле мақоми калон доранд. Қувваи олии ҳуқуқии конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи конститутсияро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ дар байни санадҳои олии ҳуқуқӣ-сиёсӣ муайян менамоянд.

Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад. Дар баробари ин, конститутсия хосиятҳои ҳуқуқие дорад, ки қонуни махсус будан ва нисбат ба дигар қонунҳо бартарӣ ва қувваи махсуси ҳуқуқӣ доштани ӯро нишон медиҳанд. Ин хусусиятҳои махсуси ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд:

1. Меъёрҳои Конститутсия сарчашмаи асосгузорандаи ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ: маъмурӣ, гражданӣ, ҷиноӣ, никоҳу оила, меҳнатӣ, экология, молия ва ғайра мебошанд. Онҳо чӣ бевосита ва чӣ ба воситаи меъёрҳои ҳамаи дигар соҳаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

2. Ҳамчун манбаи асосии қонунгузории ҷорӣ бештар вақт худи конститутсия қабули ин ё он қонуни ҷумҳуриро муқаррар мекунад. Масалан, мувофиқи моддаи 7 тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

3. Қонунҳои ҷорӣ бояд бо конститутсия мувофиқ бошанд. Он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба конститутсия мухолиф мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

4. Ҳамаи санадҳои зерқонуние, ки дар Тоҷикистон қабул карда мешаванд, набояд бар хилофи конститутсия бошанд, дар ҳолати ба конститутсия мувофиқ наомадан, қувваи ҳуқуқии он эътироф карда намешавад.

5. Мақомоти қонунгузории Тоҷикистон ва шахсони мансабдори олии давлатӣ ҳамон санадҳои ҳуқуқиеро бароварда метавонанд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Масалан, Президент мувофиқи моддаи 70 Конститутсия дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.

6. Конститутсия бо ҳамон тартибе, ки пешбинӣ кардааст, аз тарафи субъектони муқарраршуда, тағйир дода мешавад. Тартиби қабули конститутсия дар худи ӯ ё ин ки дар қонуни конститутсионии махсус муқаррар карда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ба он 3 маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, соҳибихтиёрии халқ, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии марзи давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъият, таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар намуда, як қатор муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиву давлатиро ба танзим даровардааст.

Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Ҳамзамон дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо аст.

Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Ҳамин тавр, конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, бахусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ раҳсипор менамояд.

Имсол ҷашни 27 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки санаи муқаддасу фархунда мебошад.

Аз ин имконияти муносиб истифода намуда, мардуми шарифи кишварро бо фарорасии таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо бахту иқболи нек, зиндагии осуда ва дар кору фаъолияташон бурдбориҳоро таманно дорем.

          Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail

Забон пайвандгари дилҳо.

 

«Ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад. Мо бояд мафҳуми «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони хеш дӯст дорем ва бо ифтихор ба забон оварем».

                                                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари вуруд омадани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад: сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Бинобар лафзи модарӣ буданаш азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Аз ин рӯ, мо соҳибзабонон низ вазифадор мегардем, ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он пайваста саҳмгузор бошем. Зеро бузургони мо чунин фармудаанд:

 

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рӯзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» қабул карда шуд. Тибқи қонуни мазкур забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб намуд. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.

Бо мақсади такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Тибқи талаботи моддаи 3 қонуни зикргардида ҳар як шавҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

Аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, 5 октябр ҳамчун иди Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатии кишварамон истифода шуда, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Чун забон рукни асосии миллат ва давлат аст, дар ин асно Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи забон чунин иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ вобаста ба мавқеъ ва арзиши забони модарӣ дар назди ҳар як инсон чунин қайд намудааст:

 

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори неку осуда ва дар кору пайкоратон бурдбориҳоро таманно дорам.

 

Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.

 

Чоп намудан E-mail

Истиқлолият - Неъмати бебаҳост!

 

Бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси

30-солагии Истиқлоли давлатии

Ҷумҳурии тоҷикистон

 

Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили яке аз идҳои бузург ва муқаддас, 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки он ҳамасола дар саросари кишварамон ботантана ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, ки дар таърихи ҳазор соли охир волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд. Ин рӯйдоди муқаддас боис гардид, ки минбаъд миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик сарнавишт, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намояд.

Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият ва ҳодисаву рӯйдодҳои фоҷиабори он давра халқи тоҷик таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву адолатпарваронаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таъриху суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу анъанаҳои пурғановати миллиамон, тавонист бо ҷаҳду талошҳои пайгиронаи хеш асосҳои давлати муосирро фароҳам созад ва Ватани азизу маҳбуби моро ба беҳтарин дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои зиёди дорои аҳамияти стратегӣ ноил гардонад.

Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ барои мо дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддас медонем. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Истиқлолият рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо аст. Бинобар ин, мо шукрона аз он мекунем, ки соҳиби давлати мустақил ҳастем ва муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолият - ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ рисолати ҷонии ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва бонангу номус буда мо онро чун гавҳараки чашм   ҳифз хоҳем кард.

Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулодда дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову Шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд.

Чи тавре маълум аст дар шароити ҳозираи ҷаҳонишавӣ инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ гаштааст.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо нуфуз пайдо кунанд ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошем.

Мо вазифадорем, ки ҳама гуна омилҳои ба зиндагии осоиштаи мардум ва Истиқлоли давлатии мо таҳдидкунанда, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, коррупсия ва ҷинояткории трансмиллиро маҳкум ва пешгирӣ намуда, талошҳои созанда намоем ва дар таҳкими Истиқлоли комили давлатӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ҳиссагузор бошем.

Чӣ тавре ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон зарари зиёде ба давлат, ҷамъият ва ба ҳар як шаҳрванду ҳар як инсон мерасонад. Зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некӯаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрӯю нуфузи миллату давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи ҷомеаро заиф мегардонад.

Ин зуҳуроти номатлуб оромӣ ва суботи ҷомеа, ҳисси боварии мардумро ба оянда, ба мақомоти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ коста мегардонад.

        Пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, гирифтани пеши роҳи шиддати он ва дар ниҳоят паст кардани сатҳи он, яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ кафолати ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, расидан ба ин ҳадафҳо, аз ҷумла баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва ба ин васила беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум аз ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагии калон дорад.

Бинобар ин, ҳар як фарди вастандӯсту хештаншиносро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос бошад ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар таъмини амнияти давлатӣ ва иқтисодии кишвар, ошкор ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ кӯшишу ғайрати худро дареғ надошта, бо дасту дили пок фаъолият намояд ва дар таҳкими пояҳои давлатдории халқи тоҷик ҳиссаи сазовори худро гузорад.

Дар дастовардҳои Истиқлолият албатта саҳми ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҳиссаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ назаррас мебошад ва минбаъд низ мо бояд, ки тамоми саъю кӯшиш, донишу таҷрибаи касбии худро баҳри ободию пешрафти Ватани азизамон равона намоем.

Мутмаин ҳастем, ки фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ба ин ғамхориҳои давлату ҳукумат бо ҷонфидоиву меҳнати софдилона ва садоқатмандона ҷавоб дода, бо азму иродаи қавии худ ин Ватани биҳиштосову беназирро боз ҳам ободу зеботар гардонида, бунёди ҷомеаи комилан адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таъмин менамоянд.

Бо ибрози орзуҳои нек ҷашни бузурги озодиву соҳибистиқлолиро ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу субот, саломативу хонаободӣ, пирӯзию сарбаландӣ ва дар фаъолияти хизматиатон баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон музаффариятҳои бузургро хоҳонем, орзуманди он ҳастем, ки Истиқлоли давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад.

Бигузор парчами озодӣ бар фазои Ватани аҷдодии мо то абад парафшон бошад ва хуршеди озодиву Истиқлол ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон то ҳамеша файзу баракат ва нуру зиё бахшида, ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша фурӯзон бошад ва нури Истиқлол барои миллати тоҷик чароғи раҳнамо ба сӯи фатҳу нусратҳои оянда гардад!

Ҷашни озодиву Истиқлол муборак бошад!

 

Роҳбарияти Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ