Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 17 феврали соли 2023 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир карда шуд.

        

  Дар нишасти мазкур мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Шарифзода Ҷамшед Ғанихоҷа, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

         

  Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи соли 2022 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуд.

 

  Қайд карда шуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани муқовимат ба коррупсия кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 1218 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 117 маротиба баромад намуда, 80 мизи мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир кардаанд.

 

  Кормандони мақомот ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 2785 пешниҳод ва 1382 дастури хаттӣ ирсол намудаанд, ки бо баррасии онҳо нисбати 1146 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардида, 205 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

      

  Сипас аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  18 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2022, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ доир гардид.

 

  Дар нишаст мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

 

 Чорабиниро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ба саъми намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида шуд.

 

  Қайд гардид, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 771 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 71 маротиба баромад намуда, 9 саҳначаҳои иҷтимоию видеороликҳои пешгирикунандаи таблиғотӣ пахш карда, ҳамзамон 34 мизи мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд.

 

  Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1007 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

 

  Аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 1682 пешниҳод ва  815 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 416 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 78 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

  Ҳамзамон дар рафти нишасти матбуотӣ роҳбарият ва масъулини Агентӣ бо дар назар доштани саволҳои алоҳидаи намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба самтҳои гуногуни фаъолият ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  2 феврали соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ доир гардид.

 

 Дар нишаст мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Шоназаров Содиқ Ашурович, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 28 июли соли 2021 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2021 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтақаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»

 

7 декабри соли 2020 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ» дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»  мизи мудаввар баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ ба баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ нигаронида шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, санаи 28 июли соли 2020 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтаќавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва минтаќаи Рашт, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

       Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

  Дар нишаст мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Сироҷзода Сайфиддин, муовинони директори Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, Рашт ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

  • 1
  • 2

Ҷустуҷӯ