Дастгоҳи марказӣ

Дастгоҳи марказӣ

 

 

     Дастгоҳи марказӣ дар доираи ваколати пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Агентӣ вазифаҳои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва дигар вазифаҳоро оид ба огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро иҷро менамояд.

 

  Дар Дастгоҳи марказӣ сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо, қисмҳо ва бахшҳо мавҷуданд. Дар сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо, қисмҳо ва бахшҳо ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони калони оперативӣ, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд.

 

 

   Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

  1. Роҳбарият

 

  1. Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ

 

  1. Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта

 

  1. Сарраёсати муқовимат ба коррупсия

 

  1. Раёсати кадрҳо

 

  1. Раёсати таҳлил, иттилоот ва омор

 

  1. Раёсати тафтишотӣ

 

  1. Раёсати оперативии махсус

 

  1. Раёсати молиявию хоҷагӣ

 

  1. Шуъбаи ташкили кор ва назорат

 

  1. Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ

 

  1. Шуъбаи чорабиниҳои оперативӣ

 

  1. Шуъбаӣ навбатдории оперативӣ ва изоляторӣ (тавқифгохи) нигоҳдории муваққатӣ

 

  1. Бахши ёрдамчиёни директори Агентӣ оид ба супоришҳои махсус

 

  1. Бахши коргузории махфӣ

 

Чоп намудан E-mail