Суханронӣ дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон

Иштирок дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон 29.09.2023

Ҳамтоёни муҳтарам,
Муҳтарам хонум Катрина Клаас,
Муҳтарам иштирокчиёни Форум!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории форуми имрӯза изҳори сипос намоям.

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор мераванд.

Бо шарофати дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон босуръат тараққӣ карда истодааст.

Ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии рушд дар Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 муайян шудаанд.

Тибқи Стратегияи мазкур аз ҷониби Ҳукумат айни замон ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ татбиқ мешавад, ки ба таъмини рушди устувор нигаронида шудааст.

Дар ин раванд Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкории муваффақона дорад.

Бо дастгирии онҳо дар тамоми соҳаҳо садҳо лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардиданд.

Илова бар ин, мо ҳоло даҳҳо лоиҳаи дигар дорем, ки ба маблағи умумии 4,5 миллиард доллари ИМА амалӣ карда мешаванд.

Созмонҳои молии байналмилалӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда арзёбӣ менамоянд.

Таъкид менамоям, ки суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди мамлакат дар давоми даҳ соли охир беш аз ҳафт фоизро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон бахши хусусӣ рушд менамояд, ки саҳми он дар истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад.

Барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, савдои байналмилалӣ вусъат меёбад.

Қонунгузории мамлакат барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёд ва кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Узвияти давлати мо дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон низ мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба меъёрҳои байналмилалӣ собит менамояд.

Дӯстони азиз,

Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъдан мебошад.

93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо бо 13 ҳазор пирях, ки манбаи асосии оби нӯшокӣ мебошанд, ташкил медиҳанд.

Зиёда аз 60 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Точикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд.

Имрӯз аз ин иқтидор ҳамагӣ 5 фоиз истифода карда мешавад.

Наваду ҳашт фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршавандаи «энергияи сабз» истеҳсол мегардад.

Аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

Мо нақша дорем, ки иқтидори истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологи тозаи худро дар ояндаи наздик ҳамчун манбаи асосии пешбурди «иқтисоди сабз» ду баробар афзоиш диҳем.

Дар ин самт мо барои ҳамкории созанда ва судманд бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор омода мебошем.

Рушди «иқтисоди сабз» яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон имконият фароҳам аст, ки тавассути истифода аз «энергияи сабз» бо таъсири камтарин ба муҳити зист истеҳсолоти дорои талаботи зиёд ба энергия ҷойгир карда шавад.

Истифодаи самараноки ин иқтидор сармоягузории зиёд ва ҷорӣ намудани технологияҳои навро тақозо менамояд.

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо технологияҳои нав имкон медиҳад, ки алюминий ва дигар металлҳо, инчунин маҳсулоти тайёр аз онҳо бо ҳадди камтарини ихроҷи карбон истеҳсол карда шавад.

«Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), ки дар истеҳсолот неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода менамояд, имрӯз аллакай ба панҷгонаи беҳтарин истеҳсолкунандагони ҷаҳонии «алюминийи сабз» ворид шудааст.

Истеҳсоли «алюминийи сабз», мис ва литий дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузорӣ дар истеҳсоли автомобилҳои барқӣ бартарӣ дошта бошанд.

Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки дар ояндаи наздик дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҳсулоте, ки бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсол мегардад, аз андози карбон озод карда мешавад.

Бо назардошти ин ва захираҳои мавҷудаи меҳнатӣ дар оянда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон, ки барои содирот ба бозорҳои Аврупо нигаронида шудааст, манфиатовар мегардад.

Бахши истеҳсоли саноатӣ, пеш аз ҳама, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук ва хӯрокворӣ, инчунин кооператсия самти мутақобилан судманди ҳамкории мо ба ҳисоб меравад.

Саноати истихроҷи маъдан низ дар Тоҷикистон бинобар сабаби талаботи зиёд ба захираҳои комилан зарурии маъданӣ дурнамои хуб дорад.

Дар Тоҷикистон тақрибан 40 намуд металл ва масолеҳ истихроҷ карда шуда, 800 кони маъданҳои полиметаллӣ, металлҳои нодир ва қиматбаҳо муайян ва кашф гардидааст, ки қисман барои азхудкунии саноатӣ омода мебошанд.

Истеҳсоли мис, нуқра, тилло, сурб, сурма, руҳ, литий, волфрам, симоб, металлҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, намаки сангӣ ва як қатор маъданҳои дигар дурнамои хуб дорад.

Дар соҳаи саноати сабук ва хӯроквории Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба ташкили кластерҳо барои коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзӣ ва нахи пахта то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда нигаронида шудааст.

Ҳамкории мо дар саноати химия, фарматсевтика ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ низ метавонад ба ҳар ду ҷониб манфиатовар бошад.

Дар заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ мо ба густариши ҳамкорӣ бо Олмон дар соҳаи кишоварзӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон босуръат рушд менамояд, манфиатдор мебошем.

Дар ин самт мо метавонем аз имконияти Тоҷикистон барои истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои Аврупо самаранок истифода намоем.

Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо ин мақсад ҷорӣ гардидани низоми бераводиди якҷониба барои шаҳрвандони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Олмон имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон сӣ рӯз бе раводид қарор дошта бошанд.

Мо ҳамчунин ба ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷониби Олмон дар рушди бахшҳои молия ва бонкдорӣ, бахусус истифодаи қоғазҳои қиматноки сабз ва рақамисозии иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор ҳастем.

Дар хотима мехоҳам таъкид намоям, ки бартариҳои зикргардидаи Тоҷикистон, аз ҷумла:

- мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла захираҳои муҳимми маъдан ва ашёи хом;

- имконияти бузурги истеҳсоли энергияи сабз;

- мавҷудияти захираҳои кофии меҳнатӣ ва нишондиҳандаҳои мусбати демографӣ,

асоси ҳамкории мутақобилан судманди мо мебошанд.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва муваффақият орзу менамоям.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

Иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид   20.09.2023

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар шароити ҳассоси имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамгироӣ ва эътимод ниёз дорад.

Дар пасманзари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир мо имрӯзҳо шоҳиди таҳаввулоти нигаронкунанда дар арсаи байналмилалӣ ҳастем.

Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд.

Ҳамзамон бо ин, оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим - гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин камобӣ ва гуруснагӣ ба аҳли башар хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Дар ин зимн, саъю талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи ин хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 амри ҳатмӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавзӯи ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро зери унвони «Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ» иқдоми саривақтӣ шуморида, аз он истиқбол менамоем.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо вуҷуди иқдомҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар татбиқи Рӯзномаи-2030 ҷиҳати ноил шудан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор пешравиҳо ҳанӯз ҳам назаррас нестанд.

 Дар ин раванд, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ, мутаассифона, мушкилоти зиёд бар дӯш доранд.

Тоҷикистон низ зимни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ба мушкилоти алоҳида дар самти ҳадафҳои 1, 7, 12 ва 13 рӯ ба рӯ гардидаст.

Аз ин рӯ, мо дарк менамоем, ки раванди ҳамбастагӣ, маблағгузорӣ, татбиқи уҳдадориҳо ва дигар чораҳои амалӣ бояд тақвият дода шаванд ва ин амр тағйироти воқеан бунёдиро тақозо менамояд.

Бинобар ин, Тоҷикистон пешниҳоди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро оид ба «Рӯзномаи умумии мо» дар ин хусус дастгирӣ кард.

Мо, ҳамчунин, аз иқдомоти Дабири кулл дар самти татбиқи Рӯзномаи-2030, аз ҷумла ҳамасола ҷудо намудани ҳадди ақалл 500 миллиард доллар ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва хурди ҷазиравӣ барои суръат бахшидан ба ин раванд истиқбол менамоем.

Мо, инчунин, ислоҳоти низоми байналмилалии молиявиро ба мақсади таъмин намудани маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим ҷонибдорӣ мекунем.

Ҳозирини гиромӣ,

Тавре ки ҳамаи мо мушоҳида мекунем, таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад.

Соли равон мо шоҳиди ҳарорати баландтарини ҳаво дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидем.

Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ бо номи "Вазъи иқлим" гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад.

Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд ва яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад.

Офатҳои вобаста ба иқлим дар шакли ярч, сел, обхезӣ, хушксолӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон ҳамасола ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти инфрасохторӣ мешаванд.

Дар ин замина, Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ба мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ дар татбиқи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид - “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” мебошад.

Дар ин ҷода мо омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва сохторҳои тахассусии он иброз медорем.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.

Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилалиро тақозо мекунад.

 Дар ин росто, ба ҳамаи кишварҳои узв барои ҳамкорӣ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» миннатдории худро иброз намуда, барои муттаҳид сохтани талошҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи ин қатънома даъват менамоям.

Мо дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва берун аз он омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи ваколатҳои қатъномаи мазкур ҳастем.

Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин иқдом ба андешидани тадбирҳои дастҷамъона ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Инчунин, мехостам аз натиҷаҳои бобарори Конфронси байналмилалии Созмони Милал оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ёдовар шавам.

Бовар дорам, ки татбиқи уҳдадориҳои дар Конфронс гирифтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об мусоидат хоҳад кард.

Чанде пеш Маҷмаи Умумӣ қатъномаи навбатиро оид ба пайгирии натиҷаҳои Конфронси мазкур, ки аз ҷониби Тоҷикистон, Нидерланд ва Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Умед дорем, ки кишварҳои аъзо ва дигар шарикон ба талошҳои мо дар ин ҷода пайваст хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин, соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Интизор дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ иштироки фаъол хоҳад дошт.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар рӯзномаи глобалии об ва иқлим ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо ва созмонҳо минбаъд низ талош хоҳад кард.

Дар шароити муосир ташаккули «иқтисоди сабз» яке аз вазифаҳои мубрами инсоният гардидааст.

Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаи барқароршаванда, яъне гидроэнергетика истеҳсол мешавад ва Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рушди тавлиди “энергияи сабз” дар тамоми минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Мо нақши “Хазинаи иқлими сабз”-ро дар раванди ҳаллу фасли масоили экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусбат ва созанда медонем.

Бо пуштибонӣ аз Нақшаи навбатии стратегии Хазина барои солҳои 2024-2027 аз давлатҳои узв, бахусус кишварҳои мутараққӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки дар маблағгузории татбиқи он саҳмгузор бошанд.

Дӯстони азиз,

Дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷориро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот мусоидат кунанд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.

Ҳоло, дар натиҷаи тадбирҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ фазои мусоид фароҳам омадааст.

Вохӯрии машваратии панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, инро собит сохт.

Ин иқдом ба устувории фазои сулҳ, ҳамкорӣ, рушди мунтазам ва шукуфоӣ дар минтақаи мо мусоидат хоҳад кард.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд.

Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зикр карданд, наваду ҳафт фоизи аҳолии Афғонистон дар ҳолати фақр қарор дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намоям, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд.

Дар ин росто, мо омодаи ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем.

Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем.

Қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Мо ният дорем, ки соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор намоем.

 Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад.

Дар робита ба ин, чунин мешуморем, ки Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид метавонад ва бояд дар татбиқи ҳамаҷониба ва мутавозини Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмон ва дигар санадҳои дахлдори он фаъолияти муассир дошта бошад.

Кӯшишҳо, инчунин, бояд барои пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ равона карда шаванд.

Тоҷикистон аз арзёбии ҳаштуми Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардид, истиқбол менамояд.

Бовар дорем, ки ин санад барои роҳнамоии минбаъдаи талошҳои зиддитеррористии мо як заминаи устуворро фароҳам меоварад.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷомеаҳои мо тавассути робитаҳои фарҳангӣ, урфу одат ва эътиқодоти гуногун ба ҳам пайванд мебошанд.

Ин ҳамбастагӣ барои зисти осоишта дар фазои ҳамдигарфаҳмии фарҳангу динҳои гуногун заминаи хубест.

Дар ин робита, зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ, бо дарки пайомадҳои манфии онҳо, ғайри қобили қабул мебошад.

Амалҳои зикршуда, инчунин, тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд.

Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад.

Чунин амалкардҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.

Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд.

 Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони «Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат» бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид мекунад.

Мо чунин мешуморем, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.

Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳу субот саъй дорад, ки барои солҳои 2028-2029 узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро касб намояд.

Бо истифода аз фурсат, аз кишварҳои узв даъват мекунам, ки аз номзадии кишвари мо дар интихоботи соли 2027 дастгирӣ намоянд.

Дар фарҷоми суханронӣ мехостам бори дигар таъкид намоям, ки расидан ба ҳамаи ҳадафҳои мувофиқашудаи мо танҳо бо роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамгироӣ ва таҳаммулгароӣ имкон дорад.

Дар ин росто, мехоҳам аз мисраъҳои шоир, нависанда ва мутафаккири маъруфи тоҷику форс Саъдии Шерозӣ, ки ба мавзӯи ҳамоиши имрӯзаи мо ва татбиқи нақшаҳои зикршуда мувофиқ ва муносибанд, ёдовар шавам:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор

Иштирок дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор 20.09.2023

Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

Ҳамчунин, кишварҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ карда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад.

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда ба мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имкониятҳои маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона кардани маблағҳои дохилӣ, фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад.

Тадбирҳои андешидашуда набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Имрӯз зарурати бештар намудани ҳаҷми кумакҳо ба мақсади рушд ҳанӯз боқӣ мемонад.

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат кунанд.

Мо, бо дарназардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем.

Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кўшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Бахусус, оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки дар давоми даҳсолаҳои охир бештар ба назар мерасанд, мисоли возеҳи ин гуфтаҳост.

Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ аз он дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор мебошад.

Илова бар ин, тайи даҳсолаҳои охир ба таври назаррас обшудани пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки пайомади он барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст.

Мусаллам аст, ки андешидани тадбирҳои самарабахш дар самти тағйирёбии иқлим муттаҳидсозии кӯшишҳои моро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо мекунад.

Албатта, гузариш ба рушди “иқтисоди сабз” сармоягузориҳои назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли “энергияи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда талаб мекунад.

Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд омодагии хешро изҳор медорад.

Ташаккур!

Чоп намудан E-mail

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш

Иштирок дар Рӯзи дониш ва мулоқот бо аҳли маориф 01.09.2023

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарони гиромӣ самимона табрик мегӯям.

Чун соли хониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, мехоҳам андешаҳои худро доир ба ин масъала мухтасар баён намоям.

Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.

Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад.

Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд.

Мардуми мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд.

Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.

Дар шароити кунунӣ, ки раванди сиёсигардонии дини ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст.

Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад.

Дар ин раванд, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарин шуморида мешавад.

Зеро дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд.

Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем.

Ҳадафи мо аз иқдоми зикршуда «тагурӯ» кардани таърих нест, балки мо мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҷиҳати муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсола ва арзишҳои асили миллати тоҷик шароити боз ҳам мусоид фароҳам оварем.

Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд.

Дар заминаи он ба хотири таҳкими истиқлолу озодӣ, пойдории давлати навини тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон навиштани китобҳои ин фанҳо дар асоси талаботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва дастовардҳои замони истиқлол ба роҳ монда шавад.

Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки баъди ба даст овардани истиқлол мо илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон карда, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дарҷ намудем, ки хароб гардидани сифати таълим ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад.

Дар шароити кунунӣ низоми маорифи миллии мо дар заминаи суннату анъанаҳои деринаи маърифатпарварии халқамон ва дастоварду комёбиҳои сиёсиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфта, тайи беш аз се даҳсола дар раванди рушди ҳамаҷониба ва босуботи ҷомеа нақши басо арзишманд бозида истодааст.

Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Яъне сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро гузоштанд ва гузошта истодаанд.

Аз ин лиҳоз, ман ба кормандони соҳаи илму маориф ва устодону омӯзгорон сидқан миннатдориву сипос мегӯям.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.

Аз сӯи дигар, раванди афзоиши аҳолӣ моро водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имкониятҳои моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон чораҳои зарурӣ андешем.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст.

Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ қариб 5000 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон иштирок карда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 240 ҳазор нафар иштирокчӣ 215 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» қариб 25 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок доштанд, ки аз афзудани таваҷҷуҳи насли наврас ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ин раванд собит месозад, ки дар кишвар насли созанда ва эҷодкору навовар ба воя расида истодааст.

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Донишҷӯёну хонандагони азиз!

Бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст.

Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар соҳаи маорифи мамлакат ду стратегия қабул шуда, дар асоси онҳо амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ идома дорад.

Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ин шумора дар соли таҳсили 2022 – 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад.

Хотиррасон менамоям, ки барои иҷрои супоришҳои додашуда намояндагони мақомоти марказӣ, яъне роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ масъулият доранд.

Баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд.

Онҳо фаромӯш кардаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид.

Афзоиши аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф таъсир мерасонад.

Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад.

Раванди бунёд кардани то 200 муассисаи таълимӣ дар як сол, ки ҳамасола амалӣ шуда истодааст, кори саҳлу осон нест.

Илова ба ҳазорҳо муассисаи таълимие, ки то имрӯз бунёду азнавсозӣ гардидаанд, шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст.

Як нуктаи муҳимро фаромӯш набояд кард, ки мо бо сабабҳои ба ҳама маълум фақат аз соли 2000-ум имконият пайдо кардем, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бартарафсозии мушкилоти соҳаи маориф машғул шавем.

Ҳозирини муҳтарам!

Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки татбиқи қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад.

Вале вазъи иҷрои барнома то ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад.

Мувофиқи барнома ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Вале аз оғози амалишавии барнома, яъне дар муддати сеюним соли сипаришуда аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.

Мусаллам аст, ки кӯдаки дар муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбия фарогирифташуда барномаи мактабиро беҳтар аз худ мекунад ва доираву сатҳи тафаккураш аз дигар ҳамсолонаш ба таври назаррас фарқ дорад.

Аз ин лиҳоз, талаботи аҳолӣ ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзуда истодааст.

Ҳоло дар кишвар 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор нафар ва 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор кӯдак фаъолият дорад, ки ҳамагӣ 16 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

Чандест, ки дар мамлакат дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ба таври алоҳида марказҳои рушди кӯдак фаъолият доранд, вале вазъи ҳуқуқии онҳо то ҳол ба танзим дароварда нашудааст.

Чунин марказҳо метавонанд барои омода кардани кӯдакон ба мактаб нақши муҳим гузошта, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мусоидат расонанд.

Бинобар ин, вазоратҳои маориф ва илм, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Зарур аст, ки доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабӣ чораҷӯӣ карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то 50 фоиз расонида шавад.

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияти худро дар самти афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зина ва умуман, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям: баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии мураббиён, ки сифати таълиму тарбияи кӯдакон аз ин омил вобастагии мустақим дорад, яке аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону мутахассисони соҳаи маориф мебошад.

Ҳозирини муҳтарам!

Рӯзи донишро имсол беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасони кишвар пешвоз гирифтанд.

Аз ин шумора беш аз 260 ҳазор нафар бори нахуст ба мактаб қадам гузоштанд.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.

Худи ҳамин сол беш аз 5000 нафар ҷавонон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Дар солҳои қабл аз истиқлол шумораи ҷавононе, ки ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода мешуданд, ангуштшумор буд.

Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.

Соли ҷорӣ 3 ҳазору 432 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд, ки то имрӯз 49 фоизи онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд.

Фикр мекунам, ки яке аз мушкилоти асосиву ҳалталаби соҳаи маорифи мамлакат – норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вақтҳои наздик пурра бартараф мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Академияи таҳсилот то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот»-ро омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон, назорати қатъии таъмин намудани давоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба таҳсилоти тафриқавӣ гузаронидани хонандагони синфҳои 5 – 11 эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ нақши басо назаррас доранд, зеро пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмин намудани корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ бо мутахассисон дар назди онҳо вазифаҳои нав мегузорад.

Шумораи муассисаҳои ин зинаҳои таҳсилот, махсусан, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст ва мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ба шумор меравад.

Имрӯз дар кишвар дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар 23 самт аз рӯйи 306 ихтисос мутахассисони соҳибкасб омода карда мешаванд.

Гузариши кишвар аз модели агросаноатӣ ба саноативу аграрӣ, инчунин, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва бунёд гардидани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ зарурати бо мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намудани онҳоро торафт мубрам мегардонад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои зич бо корхонаҳои саноатии кишвар ва васеъ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои равияи худ тадбирҳои муассир андешанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳамчунин, бояд таъсиси марказҳои таълими калонсолонро вусъат бахшад ва фаъолияти беҳтари марказҳои мавҷударо таъмин намояд.

Солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст.

Тибқи натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.

Вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.

Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 2400 нафар хатмкунанда 993 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардидааст, ки ин ҳарчанд дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи хуб аст, вале ҳанӯз кифоя нест.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ ва Агентии назорат дар соҳаи маориф натиҷаҳои имтиҳони қабулро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифро аз рӯйи сатҳи дониш ва натиҷаи дар имтиҳоноти қабул нишондодаи шогирдони онҳо арзёбӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, доир ба иҷрои Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, ки бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор, аз ҷумла занону духтарони хонашин ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ қабул гардидааст, чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад.

Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад.

Бо ин мақсад, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дурнамои нақшаи қабули довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ таҷдиди назар намоянд.

Вазъи интихоби касб аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда мебошад.

Таъкид бояд кард, ки то ҳанӯз на аз ҷониби омӯзгорон ва на аз тарафи падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба касбинтихобкунӣ дуруст ба роҳ монда нашудаанд.

Таҳлили қабули довталабон дар соли хониши 2023 – 2024 нишон медиҳад, ки имсол ба 75 ҳазору 800 нафар хатмкардагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 600 ихтисос пешниҳод гардидааст.

Аз ин шумора қариб 31 ҳазор нафар довталаб, яъне беш аз 40 фоизи хатмкардагон ихтисосҳои як кластер, яъне кластери 5 – ихтисосҳои равияҳои тиббию биологиро интихоб кардаанд.

Чунин вазъи касбинтихобкунӣ масъулини соҳаро водор месозад, ки доир ба ин масъала чораҳои фаврӣ андешанд.

Илова бар ин, дар асоси таҷрибаи солҳои қаблӣ ва таҳлили вазъи қабули довталабон дар соли таҳсили 2023 – 2024 ба сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки тартиби қабули довталабонро, бахусус, дар гурӯҳҳои шартномавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар кӯтоҳтарин муҳлат ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххаси худро манзур намоянд.

Ҳамчунин, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди банақшагирии қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ барои солҳои 2024 – 2029-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.

Дар ин раванд, ба масъалаи дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ қабул намудани довталабон ба равия ва ихтисосҳои самтҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем.

Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи омӯзгорӣ, мутахассисони мактабшинос ва бо ҷалби дигар мақомоти масъул онҳоро бо арзишҳои миллии соҳаи маорифи мамлакат мутобиқ сохта, пас аз гузаронидани озмоишҳои ҳамаҷониба ҷиҳати амалӣ сохтани ҳама гуна навоварӣ дар низоми маорифи мамлакат чораҳои зарурӣ андешем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз самтҳои ислоҳоти низоми маорифи мамлакат, ки бо дастгирии шарикони рушд тавассути барномаву лоиҳаҳо роҳандозӣ шудаанд, то охир амалӣ намегарданд, яъне бо анҷом ёфтани онҳо қатъ мегарданд.

Ҳол он ки ҳадаф аз татбиқи барномаву лоиҳаҳо такмили мазмуни таҳсилот ва ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани он мебошад.

Дар ин росто, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаву лоиҳаҳо ва татбиқи ислоҳоти соҳа омӯзишу таҳлилҳо гузаронида, доир ба самаранокии онҳо ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Дар шароити нави татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф гузаштан аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон аҳаммияти торафт бештар касб менамояд.

Тавассути такмили ихтисос омӯзгор метавонад таҳсилоти заминавии худро таҳким бахшида, фаъолияти хешро ба муҳит ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ созад.

Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд.

Дар робита ба ин, ду масъалаи муҳимро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар таъкид менамоям.

Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст.

Бинобар ин, Дастгоҳи иҷроияи Президентро вазифадор менамоям, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, вазъи корҳоро дар ин самт ҳамаҷониба баррасӣ намояд ва доир ба густариши минбаъдаи корҳои вобаста ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххас манзур созад.

Дигар ин, ки тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда доир ба «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Оғози соли нави хониш ва мулоқоти Роҳбари давлат бо аҳли маориф дар бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки чанд лаҳза қабл ба истифода дода шуд, баргузор мегардад.

Ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, устодону омӯзгорон, донишҷӯён, кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ва шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави донишгоҳи тиббӣ самимона табрик мегӯям.

Инчунин, ба мутахассисон ва сохтмончиёни ватанӣ, ки иншооти имрӯза бо заҳмати содиқонаи онҳо бунёд гардидааст, изҳори сипос менамоям.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз тарафи Ҳукумати мамлакат бунёд гардида, аз 5 бинои таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, толорҳои лексионӣ, озмоишгоҳи марказии илмиву таҳқиқотӣ, майдони варзиш, ошхона, ду хобгоҳи донишҷӯён ва як бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон иборат мебошад.

Бо ифтитоҳи иншооти дар марҳалаи якуми сохтмон банақшагирифташуда 96 синфхонаи барҳаво, 13 толори маҷлису лексионӣ бо зиёда аз 3000 ҷойи нишаст ва 1 толори фарҳанг бо 1290 ҷойи нишаст барои таълиму тарбия ва фароғати донишҷӯён омода гардидааст.

Инчунин, дар ин биноҳо 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо муосиртарин таҷҳизот ташкил карда шудааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун самараи даврони истиқлол дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббии мамлакат мебошад, ки соли равон ба таъсисёбии он ҳафт сол пур мешавад.

Донишгоҳ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон бо мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ таъсис дода шуд ва ҳоло дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Дар Паёми Роҳбари давлат ҳанӯз 20-уми январи соли 2016 вазъи таъминот бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар кишвар, бахусус, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда арзёбӣ гардида буд.

Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин сохтори ҳудудии мамлакат ба ҳисоб меравад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ ҳамагӣ 12,8 табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар нишондиҳандаи хеле паст мебошад.

Дар паёми зикршуда, ҳамчунин, хотирнишон гардида буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ягона муассиса дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар мамлакат талаботи ҷомеаро пурра қонеъ карда натавониста истодааст.

Ҳоло аз шумораи умумии донишҷӯён 1134 нафар (қариб 51 фоиз) аз вилояти Хатлон, 623 нафар (28 фоиз) аз вилояти Суғд, 269 нафар (12 фоиз) аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 206 нафар (беш аз 9 фоиз) аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мақому мавқеи сазовор пайдо кардааст.

Соли 2022 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои кори табобатӣ, бемориҳои кӯдакон ва дандонпизишкӣ сурат гирифта, донишгоҳро дар се соли охир 747 нафар ҷавонон, аз ҷумла 79 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд.

Аз соли 2019 ин ҷониб 17 нафар олимони ҷавони донишгоҳ ба аспирантура ва докторантура шомил шуда, аз рӯйи мавзӯъҳои мухталиф рисолаҳои илмӣ таҳия карда истодаанд.

Роҳбарияти донишгоҳ якҷо бо олимони соҳа бо истифода аз имкониятҳои зикршуда бояд дар доираи ҳамкориҳо бо беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳаро, аз ҷумла дар самти ҷарроҳӣ, бемориҳои кӯдакон, кори табобатӣ ва дигар ихтисосҳо бунёд созад, то ки фардо ба аҳолӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро пешкаш ва дар ин замина корҳои назарраси илмиву таҳқиқотиро анҷом диҳад.

Дар ин самт, зарур аст, ки барои амалӣ намудани «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, ба стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мутобиқ намудани таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сохтори донишгоҳ, мазмун, муҳлат ва сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва зина ба зина амалӣ карда шавад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ислоҳот дар зинаи таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ ҳамчун раванди бевосита ба фаъолияти минбаъдаи табибон таъсирдошта такмили бештар ва ҳамкории зичро бо шарикони рушд тақозо менамояд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд дар самти мазкур андешидани чораҳои заруриро боз ҳам вусъат бахшад.

Таъкид менамоям, ки дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷумла донишгоҳ вазифаҳои боз ҳам масъулиятноку муҳим, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим қарор доранд.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки саломатии миллат боигарии давлат аст ва ҳифзи саломатии мардумро шумо – табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд таъмин намоед.

Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо табибон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ду соли охир ихтисосҳои табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 15 фоиз бо квотаи президентӣ, 26 фоиз ба тариқи буҷетӣ ва 59 фоиз шартномавӣ хатм кардаанд.

Мушкилоти асосии соҳа таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин мебошад.

Албатта, ҳамасола аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ба довталабони чунин шаҳру ноҳияҳо барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон квотаи президентӣ ҷудо карда, бо додани холи иловагӣ имтиёз дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, вазъ дар ин гуна шаҳру ноҳияҳо то ҳол беҳбудиро тақозо менамояд.

Қариб 50 фоизи хатмкардаҳои ду соли охири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро аз шаҳру ноҳияҳои мазкур шахсоне ташкил медиҳанд, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудаанд.

Аз шумораи умумии хатмкардаҳои ду соли охири донишгоҳи мазкур танҳо 15 фоизи ҷойҳои буҷетӣ ба шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин рост меояд.

Сабаби асосии чунин ҳолат паст будани сатҳи дониши шогирдони мактабҳои чунин шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки агар сари вақт иқдоми ҷудо намудани квотаи президентӣ роҳандозӣ намешуд, шояд аз баъзе шаҳру ноҳияҳо ягон нафар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намекард.

Аз тарафи дигар, чунин тамоюл боиси минбаъд низ зиёд шудани табибон дар шаҳру ноҳияҳои бо табибон хубтаъмин ва кам шудани онҳо дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин мегардад.

Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки дар оянда имтиҳонҳои қабул тавассути Маркази миллии тестӣ барои шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин бо ҷудо намудани миқдори муайяни ҷойҳои буҷетӣ баргузор карда шавад.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки бо мақсади бартараф намудани нобаробарии таъминот бо табибон дар минтақаҳои кишвар тавассути тайёр намудани шумораи зарурии мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин нақшаи қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самти тиббӣ бозбинӣ намояд ва ҳангоми тарҳрезии нақшаи қабули ҳарсола талаботи мазкур риоя карда шавад.

Чунин иқдом имкон медиҳад, ки дар оянда мушкилоти нобаробарии ҷуғрофии таълимот бо табибон зина ба зина бартараф гардад.

Ҳалли масъалаи зикршуда яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳисобида мешавад.

Дар баробари ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд барои дастгирӣ кардани табибони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба шаҳру ноҳияҳо фиристода мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҷавонон ва донишҷӯёну хонандагони азиз!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам.

Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад.

Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст.

Дар баробари ин, аз шумо – фарзандону набераҳои азизам хоҳиш мекунам, ки ба қадри ҳар дақиқаи умр, бахусус, даври ҷавонӣ расед ва онро сарфи китобхонӣ, ҷустуҷӯи дониш, касбу ҳунар, анҷоми амалҳои неку шоиста, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, омӯзгорону тарбиятдиҳандагони хеш ва хизмат ба миллату давлат намоед.

Кӯшишу талош намоед, ки дар баробари мутахассиси ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар будан, Ватани азизи худро дӯст доред ва барои хизмат ба он ҳамеша омода бошед.

Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки дар чунин вазъи хатарзои ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳед, нагузоред, ки қувваҳои бадхоҳ ба зеҳну андешаи шумо ва ҳамсолони шумо таъсири номатлуб расонанд.

Дар баробари ин, ҳатто як лаҳза фаромӯш накунед, ки ояндаи миллат, давлат ва Ватан дар дасти шумост.

Устодону омӯзгорони арҷманд!

Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед, дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоед.

Нисбат ба худ ва шогирдонатон серталаб бошед, фаромӯш накунед, ки агар шумо шогирдони худро мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафт таълиму тарбия надиҳед, сифати таълиму тарбияро баланд набардоред ва дар ин кори ниҳоят муҳим саҳлангорӣ намоед, барои ояндаи миллат, ҷомеа ва давлат мушкилот эҷод мекунед.

Бори дигар таъкид мекунам, ки вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад.

Шумо хуб медонед, ки ҷаҳолат фақат сиёҳӣ, торикӣ ва бадбахтӣ меоварад.

Падару модарони азиз!

Тарбия ва камолоти маънавии ҳар як насл ба иҷрои масъулияти бузурги падару модар дар назди фарзанд марбут мебошад.

Ҳанӯз аз қадимтарин давраҳо донишмандону давлатмардони мо дар таълифоти ахлоқии худ, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, вазифаи нахустин ва муқаддаси падару модарро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд донистаанд.

Мо дар заминаи арзишҳои ахлоқии ниёгон дар самти таълиму тарбия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»-ро қабул кардем.

Падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузурге бар дӯш доранд, ки ин рисолати бузурги онҳо дар назди худи онҳо, ояндаи ҷомеа ва давлату миллат аст.

Ман бо тамоми эҳтироме, ки ба заҳматҳои шумо дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дорам, ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям: рисолати бузурги шумо дар назди ҷомеа ва халқу Ватан аз он иборат аст, ки фарзандони худро дар асоси арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ, расму ойинҳои миллӣ ва суннатҳои маърифатпарварии гузаштагонамон тарбия карда, барои омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, рафтору кирдори нек, донистани забонҳои хориҷӣ ба онҳо кумак кунед, шароити беҳтарин муҳайё созед ва бо мактабу омӯзгор ҳамкории доимӣ дошта бошед.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои такмили мазмуни таҳсилот, боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълим, рушди имкониятҳои молиявию моддии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, аҳли зиёи мамлакат ва тамоми шаҳрвандони кишвар муроҷиат менамоям, ки барои расидан ба ин мақсадҳои бузург ҳамкориро бо соҳаи маориф тақвият дода, дастгириву мусоидати худро дар ин самт дареғ надоред.

Таҷрибаи рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст нишон медиҳад, ки ёрии беғаразонаи онҳо ба соҳаи маориф ба болоравии сатҳу сифати таълим мусоидати фаъол менамояд.

Мо иқдомҳои шоиставу ватандӯстонаи чунин афроди бонангу номус ва ватандӯсту маорифпарварро қадршиносӣ мекунем ва ба ҳар яки онҳо изҳори сипос менамоем.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар вазорату идораҳо супориш дода мешавад, ки ҳама гуна иқдомҳои созандаву бунёдкоронаро, ки аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва падару модарон дар самти дастгирии омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегардад, дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ намоянд.

Агар мо хоҳем, ки дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон миллати тоҷик ва халқи азизи мо назди касе ва кишваре сари хам надошта бошад, бояд худамон барои пешрафту ободии Ватанамон талош намуда, ба мактабу маориф рӯ оварем, ба қадри заҳмати омӯзгор расем ва ба фарзандонамон тамоми шароитро барои фаро гирифтани саводу илму дониш ва касбу ҳунар муҳайё созем.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон,

донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!

Ҳозирини муҳтарам!

Дар чунин рӯзи фараҳбахш, ки тамоми мардуми маърифатпарвари тоҷик оғози соли хониш, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро, ки бо ҳам робитаи мустақим доранд, таҷлил намуда, ба заҳмати омӯзгорон ва мақоми мактабу маориф арҷу эҳтиром мегузоранд, фарорасии ин санаҳои муборак, инчунин, ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба ҳамаи шумо бори дигар самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи басо душвори таълиму тарбия ба ҳар кадоми шумо барору муваффақият орзу менамоям.

Рӯзи дониш ва ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, ба тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилояти Хатлон табрик мегӯям ва орзуманди осоишу оромӣ, файзу баракат, хушиқболии ҳар як хонадони мардуми мамлакат ва ободиву пешрафти боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон ҳастам.

Бигзор, парчами истиқлоли давлатии мо бо нуру зиёи аҳли маорифи мамлакат, омӯзгорони ботадбир, падару модарони меҳрубон ва ҷавонони бонангу номуси кишвар ҳамеша парафшон, сулҳу оромӣ, амнияту суботи мамлакат бардавом ва Тоҷикистони азизи мо дар олам то абад чун диёри донишу адабпарвар машҳур бошад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   18.08.2023

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти имрӯзаи мову шумо – роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – солгарди сиюдуюми истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир мегардад.

Бинобар ин, бо истифода аз ин фурсати муносиб сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилоят ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин санаи воқеан таърихиву тақдирсоз самимона табрик мегӯям ва барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ҷараёни сафари чандрӯзаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар итминон пайдо намудам, ки ин диёри зебоманзару биҳиштосо бо заҳмати содиқонаи мардум ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.

Мо асри 21-ро маҳз ба ҳамин хотир, асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодаем.

Қобили зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуда, ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол бунёду азнавсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз корҳои сохтмони беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мо дар маросими ба фаъолият оғоз намудани даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, инчунин, якчанд иншооти сарҳадӣ ширкат кардем, ки ин ҳама ободиҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Яке аз мушкилоти бузурги ҳаёти сокинони вилоят дар даҳсолаҳои гузашта набудани роҳҳои муосиру бехатари мошингард ба ҳисоб мерафт.

Барои аз байн бурдани ин мушкилот Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Ду сол қабл баъди ифтитоҳи қитъаи Шкев – шаҳраки Қалъаи Хумби шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – сарҳади давлати Чин ба бунёду азнавсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшида будем.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдид гардидани он 17 километр кӯтоҳ мешавад ва дар маҷмӯъ, 92 километр роҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро ташкил медиҳад.

Маблағи лоиҳа 2,5 миллиард сомонӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он беш аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Ин маблағ баробар ба буҷети қариб панҷсолаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Тавре ки мо мушоҳида намудем, роҳ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда истодааст ва бо анҷом ёфтани корҳо рафту омади доимиву бехатари сокинон, воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол таъмин мегардад.

Бунёди ин роҳ натанҳо барои аҳолии минтақа аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – шимоли Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо истифода мегардад.

Ҷиҳати ташаккули ин долони иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик лоиҳаҳои бунёди қитъаҳои роҳи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ба масофаи 235 километр ва аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасуро ба дарозии қариб 300 километр амалӣ карда, гузаргоҳи Кулма – Қарасуро таҷдид намояд.

Корҳои лоиҳакашии роҳҳои зикршуда пурра ба анҷом расидаанд ва натиҷаи ташхис, яъне экспертиза рӯзҳои наздик муайян мегардад.

Албатта, бо ташкили чунин долонҳо боркашониву мусофиркашонии байналмилалӣ зиёд гардида, имкониятҳои транзитиву сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бамаротиб тақвият меёбад.

Илова бар ин, 18 километр роҳ аз гардиши шоҳроҳи Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон то маркази ноҳияи Ванҷ бо супориши Роҳбари давлат аз ҳисоби сарфаи маблағи лоиҳа пурра азнавсозӣ карда мешавад.

Аз ин ду километр роҳ дар дохили ноҳия чароғон карда, бо пиёдароҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин мегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, бо ин мақсад беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру азнавсозӣ гардидааст.

Инчунин, дар ин давра барои вилоят 70 техникаи роҳсозӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида имрӯз дар вилоят ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Дар баробари беҳтар гардидани шароити инфрасохтори роҳ ҳоло симои шаҳру ноҳияҳо низ куллан дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум хеле беҳтар гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд.

Дар маҷмӯъ, барои таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 23 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҷониби низоми бонкии кишвар 1,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 92 фоизи он қарзҳои хурд мебошанд.

Танҳо дар сеюним соли охир, яъне солҳои 2020 – 2022 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии вилоят додашуда қариб 500 миллион сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар ҳафт моҳи аввали соли 2023 ба 131 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 фоиз зиёд мебошад.

Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо имкон фароҳам овард, ки фаъолнокии иқтисодии мардум афзуда, дар 13 соли охир шумораи субъектҳои хоҷагидор 3 баробар зиёд гардад.

Агар соли 2010 дар вилоят ҳамагӣ 3 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо қариб ба 8400 расидааст.

Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар давраи татбиқи барномаҳои мазкур, яъне солҳои 2021 – 2022 ва 6 моҳи соли ҷорӣ 232 лоиҳа ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи умумии 206 миллион сомонӣ 62 бинои нави маъмурӣ барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар натиҷа, масалан, маркази ноҳияи Шуғнон, ки як деҳа буд, имрӯз ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, шумораи аҳолии вилоят дар ин давра 35 фоиз афзоиш ёфта, аз 172 ҳазор нафари соли 1991 то ба 232 ҳазор нафар дар соли 2023 расид.

Ҳамзамон бо ин, дар бист соли охир дар вилоят даромади пулии аҳолӣ 163 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 97 фоиз то 29 фоиз паст гардидааст, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаи пасандозҳои аҳолӣ низ шаҳодат медиҳад:

– агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолии вилоят дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 2 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2023 ба 383 миллион сомонӣ расидааст, яъне 172 баробар афзоиш ёфтааст.

Ман дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша таъкид менамоям, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он моро водор месозанд, ки ба хотири татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш ва амал намоем.

Мо таъсири манфии тағйирёбии иқлимро, махсусан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки минтақаи нисбатан баландкӯҳи кишвар ба шумор меравад, мушоҳида ва эҳсос мекунем.

Танҳо дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 20 ҳодисаи сар задани офати табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида, ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 19 миллион сомонӣ хисорот ворид гардид.

Умуман, дар 25 соли охир дар ҳудуди вилоят 314 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он 63 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

Зарари моддии дар ин давра дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят воридшуда қариб 300 миллион сомониро ташкил додааст, ки маблағи кам нест.

Охирҳои моҳи июни соли равон дар деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа дар натиҷаи фаромадани сел 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 2 хона, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 мағоза қисман ва беш аз 2,5 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ зарар диданд.

Бо супориши Роҳбари давлат комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани 210 оила, ки дар соҳили дарёи Ғунд зиндагӣ доштанд ва барқарор намудани хонаҳои зарардида чораҳои фаврӣ андешида шуданд.

Хотирнишон менамоям, ки оилаҳои аз офати табиӣ зарардида зери назорат ва ғамхории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои расонидани кумаки саривақтӣ ба аҳолии зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани бавуҷудоии офатҳои табиӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниву устуворсозии инфрасохторро пурзӯр намуда, нақшаи марҳала ба марҳала аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолиро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ, устуворсозии инфрасохтор ва ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби шарикони рушд тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Хушксолӣ ва камобии пайдарҳам аз мушкилоти дигари имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки зиндагии мардуми сайёраро, махсусан, дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардонида истодааст.

Дар чунин шароит зарур аст, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ диққати аввалиндараҷа дода, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои зиёд намудани кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири ҳарчи бештар ва дар ҳама фаслҳои сол таъмин кардани бозори истеъмолии дохилӣ кӯшиш намоем.

Ин танҳо дар сурати истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як қитъаи замин ба даст меояд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, кишоварзон ва тамоми шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадоранд, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, ҷиҳати бо маҳсулоти босифат таъмин намудани бозори дохилӣ, аҳли оилаи худ ва захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол мунтазам кӯшиш намоянд.

Ҳарчанд ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат замини кишоварзии камтар дорад, вале сифати маҳсулоти он, аз қабили чормағз, себ, зардолу, тут, анор ва дигар навъҳои мева фарқкунанда буда, талабот ба онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берун аз кишвар зиёд мебошад.

Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки бо сабаби кам будани шумораи корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ дарёфти бозори фурӯш ҳамчун яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мондааст.

Бинобар ин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав барои зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди шароити то андозае мураккаби ҷуғрофӣ вазъи соҳаи кишоварзии вилоят сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ дар 20 соли охир аз ҳисоби афзоиши ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ 1,7 баробар, картошка 2,8 баробар, сабзавот 4,2 баробар ва 2,3 баробар зиёд шудани майдони боғҳо таъмин гардидааст.

Аммо ба ҳолати нимсолаи якуми соли 2023 дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 64 фоиз иҷро шудааст ва зарур аст, ки оянда дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва тамоми сокинон бояд ҳар як ваҷаб замини кишоварзиро оқилона истифода бурда, бозори истеъмолии вилоятро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Афзоиши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ вобастагии калон дорад.

Мо метавонем танҳо бо таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ ва таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар ноил гардем.

Яъне гузариш аз модели агросаноатӣ ба саноативу аграрӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад, танҳо дар натиҷаи рушди муназзаму устувори соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ имконпазир мебошад.

Қобили таъкид аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкониятҳои бузурги саноатӣ дорад.

Вале бояд гуфт, ки гарчанде шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят аз соли 1991 то имрӯз 7 баробар афзуда, аз 13 ба 91 расидааст, бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ва ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои кории доимӣ ва таъмини рушди истҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳанӯз ҳам кофӣ нест.

Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудем, ки дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода, шаҳрвандонро бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намоем ва вобастагии иқтисодиёти худро аз омилҳои берунӣ коҳиш диҳем.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, илова ба коҳиш ёфтани шумораи корхонаҳои фаъолияткунанда, нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.

Аз ҷумла истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар ин давра 59 фоиз коҳиш ёфтааст ва сатҳи таъминнокии хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ ҳамагӣ 1,3 фоизро ташкил намудааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарону мутахассисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар вазифадоранд, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин самт, зарур аст, ки махсусан, ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди мармар, мева, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал эътибори аввалиндараҷа дода, суръати баланди рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Дар ин раванд, Бонки миллӣ, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» бояд ба хотири густариш додани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, барои корхонаҳои коркард ва ташкили кластерҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика дар кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин давра дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд.

Ман ҳанӯз соли 1994 – замоне, ки вазъият дар кишвар бисёр вазнину ҳассос буд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, дар ифтитоҳи навбати аввали неругоҳи барқи обии «Помир – 1» бо тавоноии 7 мегаватт шахсан иштирок карда будам.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди вилоят беш аз 31 ҳазор киловатт иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 киловатт бунёд гардида, 14 ҳазор киловатт иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду азнавсозӣ карда шуданд.

Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ва афзоиш додани иқтидори содиротии он ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Мо дар ҷараёни сафар бо вазъи корҳои сохтмони ин иншооти муҳим аз наздик шинос шудем ва доир ба сифати корҳо ва суръат бахшидани онҳо дастурҳои зарурӣ додем.

Махсус таъкид месозам, ки иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз» мебошанд ва ин масъала дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида истеҳсоли неруи барқ дар вилоят соли 2022 нисбат ба соли 1993-юм 2,6 баробар зиёд гардидааст.

Имрӯз сатҳи таъминоти аҳолии вилоят бо неруи барқ ба 98 фоиз расидааст, ки дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 7,5 баробар зиёд мебошад.

Ду фоизи аҳолие, ки ҳоло бо барқ таъмин нест, аз ҳисоби сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб мебошад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 фоизи сокинони вилоят ба барқи 12-соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Помир энерҷи» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин, офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшида, барои 100 фоиз бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии вилоят чораҷӯӣ намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, роҳбарияти вилоят ва Ширкати «Помир энерҷи» ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар зарфи 20 соли охир ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки дар натиҷа имрӯз заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле мустаҳкам ва шумораи муассисаҳову фарогирии хонандагон ба таври назаррас беҳтар гардидааст.

Танҳо дар соли 2023 барои рушди соҳаи маорифи вилоят 202 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 фоиз ва нисбат ба соли 2005-ум 13 баробар зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки гарчанде имрӯз дар вилоят 26 муассисаи томактабӣ ва 216 маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунад, ин шумора барои фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ ҳанӯз кофӣ нест.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 192 муассисаи таълимӣ барои қариб 84 ҳазор хонанда ба маблағи 350 миллион сомонӣ бунёд гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Мо дар ҷараёни сафари кории навбатии худ ба вилоят як қатор муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 барои 1280 хонанда, бинои маъмурии шуъбаи маориф, боғчаи бачагона барои 200 ҷой ва маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Ванҷ ва як мактаби навбунёд – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 барои 1680 ҷойи нишастро дар ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ намудем.

Илова бар ин, сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ноҳияи Роштқалъа, ду муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2080 хонанда дар ноҳияи Ишкошим ва як кӯдакистон дар ноҳияи Рӯшон бомаром идома дорад.

Дар натиҷаи дастгириҳои соҳаи маорифи вилоят сатҳу сифати таълими хонандагон мунтазам беҳтар гардида, шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилшуда ҳар сол зиёд гардида истодааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ 39 ҳазор нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3200 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишварро хатм намудаанд.

Аз соли 1997 то соли 2023-юм 3595 нафар хатмкардагони мактабҳои вилоят (1901 духтар ва 1694 писар) ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.

Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят (351 духтар ва 302 писар) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Илова бар ин, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 дар вилоят то имрӯз 49 фоиз иҷро шудааст, ки нишондиҳандаи хуб мебошад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои хонандагон ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдор раванди сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешида шаванд.

Бо дарназардошти дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доштани омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон эҳтиёҷот ба кадрҳои педагогӣ дар миқёси вилоят 389 нафарро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Ишкошим 87 нафар, Дарвоз 64, Роштқалъа 58, Шуғнон 49, Мурғоб 47, Рӯшон 41, шаҳри Хоруғ 28 ва Ванҷ 15 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ва нафақахӯр фаъолият мекунанд.

Таъкид менамоям, ки ҳарчи зудтар бартараф намудани ин камбудӣ вазифаи Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилоят 146 муассисаи тиббии нав бунёд карда шудааст.

Танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят ба маблағи беш аз 216 миллион сомонӣ 58 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии боз 72 иншооти соҳа ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Танҳо дар дуюним соли охир барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят беш аз 49 миллион сомонӣ, аз ҷумла 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардида, муассисаҳои зикршуда ба маблағи 53 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин карда шудаанд.

Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин буда, танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Дар натиҷаи амалисозии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола аз 36,4 нафари соли 1990 ба 8 нафар дар соли 2022 коҳиш ёфтааст.

Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар нимсолаи якуми соли 2023 ба қайд гирифта нашудааст.

Аз соли 1991 то инҷониб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 1200 нафар ҷавонон, аз ҷумла 419 нафар тибқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар ин давра 976 нафар донишҷӯён муассисаҳои мазкурро хатм кардаанд, ки 233 нафари онҳо тибқи квотаи президентӣ мебошанд.

Ҳоло аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 295 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 175 нафар бо квотаи президентӣ таҳсил доранд.

Ҳамзамон бо ин, қариб 900 нафар кормандони соҳаи тибби вилоят ба таҳсилоти баъдидипломӣ равон карда шудаанд, ки ин ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Танҳо дар се соли охир коллеҷҳои тиббии кишварро 474 нафар ҷавонони вилоят хатм кардаанд ва ҳоло боз 853 нафар дар муассисаҳои мазкур таҳсил карда истодаанд.

Аммо ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд.

Ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ минбаъд низ дар самти беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоту технологияи муосир таъмин кардани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд бо истифода аз мавзеъҳои табобатӣ ва обҳои шифобахш якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва ташкили корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Илова бар ин, бояд гуфт, ки тибқи қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат доир ба таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар се соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 24 ҳазор оила қариб 9 миллион сомонӣ ва дар асоси дигар қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пардохти кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба 7450 оила дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4,5 миллион сомонӣ кумаки яквақтаи давлатӣ пардохта шудааст.

Ҳамватанони азиз!

Чунонки дар оғози суханронии худ хотирнишон намудам, рушди ҳамаҷонибаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Тавре ки имрӯз мушоҳида мегардад, дар натиҷаи сохта, ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун шаҳру ноҳияҳои вилоят то дурдасттарин деҳоти он рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодаанд.

Бо ин мақсад дар давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ танҳо ба соҳаи сохтмони вилоят 5,3 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, 1465 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шудааст.

Аз ҷумла дар панҷ соли охир дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашнгирии 30-солагӣ ва 35-солагии истиқлоли давлатӣ танҳо дар шаҳри Хоруғ 143 иншооти гуногун, ки симои маркази вилоятро куллан дигар кардааст, сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар шаҳри Хоруғ дар доираи сафари имрӯза боз 16 иншооти нав, аз ҷумла 9 корхонаи саноатӣ ба истифода супорида шуд.

Танҳо дар соли 2022 бо ин мақсад 623 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 53 баробар зиёд мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ин нишондиҳанда ба 539 миллион сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, тайи даврони истиқлол дар мавзеъҳои наздисарҳадии вилоят ба маблағи беш аз 315 миллион сомонӣ 43 иншооти сарҳадӣ бунёд карда шудааст ва то охири соли равон боз 26 иншооти сарҳадӣ ба истифода дода мешавад.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоят минбаъд низ идома дода мешаванд ва бо итминон иброз медорам, ки солҳои оянда симои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт.

Ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбинишударо вобаста ба сохтмон ва азнавсозии иншооти ба нақша гирифташуда пайваста зери назорат қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд супоридани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша хотиррасон менамоям, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд бо дарназардошти таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Чунонки ҳар яки шумо мушоҳида мекунед, ободиву пешрафте, ки дар кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯз ба рӯз вусъат гирифта истодааст, дар навбати аввал, ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида истодааст.

Бинобар ин, ҳифз кардану эҳтиёт намудани ин неъмати зиндагӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар вилоят вазъи риояи қонун тадриҷан муътадил гардида, тайи вақтҳои охир коҳиш ёфта истодааст.

Вале бояд гуфт, ки вазъи нашъамандӣ ва гирифторшавӣ ба бемории вируси норасоии масунияти одам ҳоло ҳам нигаронкунанда мебошад.

Дар зарфи панҷуним соли охир дар ҳудуди вилоят 1076 килограмм маводи мухаддир мусодира гардида, нисбат ба 206 нафар 158 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва аз ин шумора 95 парванда нисбат ба 152 нафар ба суд ирсол гардидааст.

Дар вилоят вазъи риояи қонунгузории замин, ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда низ то ҳанӯз ташвишовар аст.

Солҳои 2018 – 2022-юм ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба 91 нафар вобаста ба ишғоли худсаронаи замин ва сохтмони худсарона парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, ки аз ин шумора 11 парванда оид ба ҷинояти хусусияти коррупсионидошта мебошад.

Дар ин давра 243 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбат ба 880 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Тайи панҷ солу шаш моҳи охир дар самти қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон 940 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 421 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбат ба 1018 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

То охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарздорӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар ҳудуди вилоят 14 миллион сомониро ташкил кардааст, аз ин ҳисоб қариб 4 миллион сомонӣ ба аҳолӣ, 4 миллиону 640 ҳазор сомонӣ ба ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ ва беш аз 5,5 миллион сомонӣ ба корхонаҳои ғайрибуҷетӣ рост меояд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти дахлдор аз маблағи умумии зикршуда 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.

Бо дарназардошти вазъи зикргардида, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, масъулони соҳаи маориф, аҳли зиё ва падару модарон доир ба пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткориҳо ва таъмин намудани волоияти қонун тадбирҳои мушаххас ва қатъӣ андешанд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам боз як нуктаи дигарро хотирнишон намоям.

Дар давоми панҷуним соли охир, яъне солҳои 2018 – 2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзҳои нахустини маъракаи мазкур ва барзиёд иҷро карданд, ки барои бисёр шаҳру ноҳияҳои дигар намунаи ибрат мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба сокинони вилоят барои чунин фаъолнокӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳори сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо доштани кӯҳҳои осмонбӯс, гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои табобатӣ, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, олами нотакрори наботот ва ҳайвоноти нодир, дарёҳо ва кӯлҳои беназир, пиряхҳои калонтарин ва қуллаҳои баландтарин дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин, таъриху фарҳанги қадимаи миллӣ ва суннату анъанаҳои бою рангоранги худ яке аз маконҳои асосии ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Вале имкониятҳои вилоят дар ин самт то ҳанӯз ба таври кофӣ истифода намегарданд, ки ин аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2021 ба вилоят 3013 нафар, соли 2022-юм 8090 нафар ва дар нимсолаи аввали соли равон 4800 нафар сайёҳони хориҷиву дохилӣ омадаанд.

Ҳарчанд ки шумораи онҳо афзуда истодааст, аммо бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ҳанӯз хеле кам аст.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи рушди сайёҳӣ, шарикони рушд ва дигар вазорату идораҳои дахлдор доир ба ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вазъи ҷаҳони муосир ба ҳар яке аз ҳамватанони мо, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хубӣ маълум аст.

Илова ба мушкилоте, ки мардуми дунё дар натиҷаи низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мебошанд, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии пайиҳам зиндагии мардумони бисёр минтақаву кишварҳои сайёраро боз ҳам мушкилу вазнин сохта истодаанд.

Дар чунин шароит мо бояд ба умеди дигарон набошем, худамон бояд заҳмат кашему мушкилоту масъалаҳоямонро худамон бартараф намоем.

Мо бояд бо истифода аз захираву имкониятҳои доштаамон ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ барои ҳар як оила ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода бошем.

Дар ин раванд, боз як нуктаи муҳимтаринро ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва махсусан, ба ҷавонони бонангу номуси вилоят хотирнишон ва таъкид менамоям.

Мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки яке аз миллатҳои қадимтарини дунё ҳастем, Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем.

Мо ин Ватан ва ин давлатро бо заҳмати аҳлона ва бо иттиҳоду сарҷамъии тамоми фарзандони Тоҷикистон обод месозем, пешрафта мегардонем, чунонки шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро то имрӯз хеле ободу пешрафта гардонидем.

Мо бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан ҳамаи камбудиву мушкилоти зиндагии имрӯзаи халқамонро бартараф месозем.

Вале дар айни замон мо набояд фаромӯш кунем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон ҳоло ҳам аз ниятҳои нопок ва нақшаҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст накашидаанд.

Бинобар ин, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем, ваҳдати миллии мардумамонро боз ҳам таҳким бахшем, бо дарназардошти ҳодисаву равандҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ба ҳимояи сулҳу оромии Ватани азизамон, зиндагии осоиштаи халқамон, суботи сиёсии кишварамон ва амнияти давлатамон омода бошем.

Рушду тараққиёти бомароми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор хоҳад дошт ва мо ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар ин замина баланд бардоштани шароити зиндагии сокинони сарбаланди он ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем.

Бовар дорам, ки мо ҳама якҷо ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро боз ҳам обод гардонида, онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаву зебои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон табдил медиҳем.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам ва бо эътимоду дилпурона иброз медорам, ки онҳо дар оянда низ тамоми саъю талоши худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар месозанд.

Бори дигар тамоми сокинони ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори 32-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми вилоят саломативу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара   27.04.2023

Ҳозирини муҳтарам!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае сурат мегирад, ки дар кишвар ва бахусус, дар вилояти Хатлон киштукори баҳорӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ яъне меваю сабзавот босуръат идома дорад.

Дар баробари ин, ба ҳамаи шумо ва ҳамватанони азизи мо маълум аст, ки солҳои охир буҳронҳои сиёсӣ дар миқёси сайёра, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи интиқоли молҳо, эҳтимоли такрор шудани болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камобию хушксолиҳои пайиҳам, ки ҳоло дар минтақаҳои гуногуни олам мушоҳида мегардад, инсониятро ба мушкилоти зиёд ва ташвишу нигаронии ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд.

Махсусан, дар соли сипаришуда болоравии бесобиқаи сатҳи таваррум дар як қатор кишварҳо ва идома ёфтани ин раванд дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда ба вазъи амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон бетаъсир намемонад.

Тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.

Таъкид менамоям, ки тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон ин давраи ҳассос дарозмуддат ва оқибатҳои он пешгӯинашаванда арзёбӣ мегарданд.

Дар чунин шароит танҳо бо саъю талоши ҳарчи бештари ҳар як шаҳрванди кишвар ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин мо метавонем ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат муваффақ гардем.

Барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мо ҳамаи имкониятҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Аз ҷумла вилояти Хатлон дар ҳавзаи ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ қарор дорад.

Махсус таъкид менамоям, ки дар вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти кишвар, қабл аз ҳама, аз лиҳози кишоварзӣ чунин имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат бештаранд ва кишоварзони вилоят бояд дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, таъмин намудани бозори дохилӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоянд.

Ҳамчунин, вилояти Хатлон вобаста ба шароити мусоиди иқлими худ имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолиро дорад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар ин раванд, дар 15 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд.

Бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд.

Масалан, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад.

Такроран таъкид менамоям, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст.

Тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар ин самт, роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон вазифадоранд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, бо тухмии хушсифат ва нуриҳои маъданӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тибқи маълумот дар вилояти Хатлон то 17-уми апрели соли ҷорӣ дар майдони 193 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 18 ҳазор гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 131 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 6 ҳазор гектар картошка ва 19,2 ҳазор гектарро сабзавот ташкил дода, дурнамои кишти баҳорӣ 92 фоиз таъмин гардидааст.

Соли гузашта пиёз дар яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи он – ноҳияи Ҷайҳун 1038 гектар кам кишт карда шуд, ки боиси камчинии маҳсулот ва болоравии нархи он дар бозорҳои вилоят ва мамлакат гардид.

Яъне аз ҳисоби танҳо дар як ноҳия пурра таъмин нашудани кишти пиёз истеҳсоли он зиёда аз 50 ҳазор тонна кам гардид.

Дар баробари ин, то 17-уми апрели соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба дурнамо дар майдони 1900 гектар кишти картошка кам шудааст.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки доир ба бартараф кардани камбудиҳои зикршуда ва зиёд намудани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва картошка чораҷӯӣ намоянд.

Дар кишвар 184 ҳазор гектар заминҳои корами наздиҳавлигию президентӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 105 ҳазор гектари онҳоро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигии корам 125 ҳазор гектар, аз он обӣ 71,7 ҳазор гектар ва заминҳои президентӣ 59 ҳазор гектар, аз он обӣ 33 ҳазор гектар мебошад.

Агар дар ин заминҳои наздиҳавлигии корам иловатан 10 – сентнерӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардад, пас ҳаҷми истеҳсоли он ба 125 ҳазор тонна афзоиш меёбад.

Дар сурати истеҳсоли 20 – сентнерӣ ҳосил афзоиши ҳаҷми он дар миқёси кишвар 250 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ, 82,6 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигию президентӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 55 ҳазор гектари онҳо замини обӣ мебошад.

Аз ҷумла замини наздиҳавлигии корам 56 ҳазор гектар, аз он обӣ 39 ҳазор гектар ва заминҳои президентӣ 26,4 ҳазор гектар, аз он обӣ 16,6 ҳазор гектар.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда, роҳбарону мутахассисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Боғу токпарварӣ яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузошта метавонад.

Вале қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи бунёди боғу токзорҳо ва барқарорсозии онҳоро ба ҳолати 1-уми апрели соли 2023 таъмин накардаанд, ки андешидани тадбирҳои фавриро талаб менамояд.

Таъкид менамоям, ки нақшаи бунёди токзорҳои нав дар вилоят ҳамагӣ 54 фоиз иҷро шудааст.

Дар мавсими тирамоҳу зимистон бо сабзавоту мева таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ ва бо ин мақсад бунёди сардхонаҳо бо технологияҳои муосир, махсусан, дар шароити ҳассоси имрӯза аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят 66 сардхона бо иқтидори умумии 24 ҳазор тонна мавриди истифода қарор дорад, ки ин нишондиҳанда барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ кофӣ нест.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар вилоят бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо бояд вусъат дода шавад.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ доир ба зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳарчанд ки солҳои охир ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилояти Хатлон афзуда истодааст, аммо барои таъмини ҳадафҳои гузошташуда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи мустақим то ба ҳол қонеъкунанда нест.

Соли 2022 ба вилоят ҳамагӣ 774 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 2,4 баробар зиёд мебошад, вале бо дарназардошти талабот ҳанӯз кам аст.

Ҳоло дар вилояти Хатлон барои расидан ба ҳадафу афзалиятҳои гузоштаи Ҳукумати мамлакат 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то имрӯз 9,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Вале таъкид менамоям, ки дар татбиқи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд ва ҷиҳати бартараф кардани онҳо бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Масалан, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки дар лоиҳаҳои идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб (маблағи умумии лоиҳа 54 миллион сомонӣ, аз он 69 фоиз аз худ шудааст) ва ноҳияи Ёвон (маблағи умумии лоиҳа 44 миллион сомонӣ, аз он 96 фоиз аз худ шудааст) ва лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» (маблағи умумии лоиҳа 66 миллион сомонӣ, аз он 70 фоиз аз худ шудааст), ки аз соли 2017 татбиқ мегарданд, яъне дар зарфи зиёда аз 5 сол муҳлати татбиқи онҳо 3 – 4 маротиба тамдид гардида, маблағи лоиҳаҳо то ҳол пурра аз худ нашудааст.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки самаранок амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди сифатноки иншооти пешбинигардида, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизотро таҳти назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои дар татбиқи лоиҳаҳо ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.

Инчунин, бо дарназардошти ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат бояд дар самти ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зеро амалӣ намудани ҳадафи саноатикунонии босуръат, ки дар доираи он мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон кардаем, бе вусъат додани ҷалби сармоя, инчунин, бе таъмин намудани соҳибкорони ватанӣ бо қарзҳои дарозмуддату арзони бонкӣ ғайриимкон мебошад.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 966 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248 миллион сомонӣ ё 35 фоиз зиёд мебошад.

Вале аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 44 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳаи саноат ҳамагӣ 4 фоиз рост меояд.

Нишондиҳандаҳои мазкур барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар оид ба саноатикунонии босуръат қонеъкунанда нестанд.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат чораҳои фаврӣ андешида, барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, барои минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва имтиёзу сабукиҳои пешниҳодгардида барои рушди соҳибкорӣ ва соҳаи саноат дар се моҳи аввали соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд гардидааст.

Нишондиҳандаи зикргардида қонеъкунанда набуда, тақвияти корро дар ин самт тақозо менамояд, зеро тибқи талаботи ҳадафи саноатикунонӣ суръати рушди саноат бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии мамлакат аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 23,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳамагӣ 51 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда нокифоя мебошад.

Илова бар ин, дар се моҳи аввали соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Панҷ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз, Кӯшониён 31, Муъминобод 20 ва Ховалинг 13 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра аз 766 корхонаи саноатии вилоят 31 корхона умуман фаъолият накарда, дар 92 корхона суръати рушд таъмин нагардидааст.

Инчунин, аз 202 номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда истеҳсоли 51 номгӯй нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.

Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ба ҳол як қатор корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда пурра ё бо иқтидори кофӣ фаъолият надоранд ва аз тарафи соҳибмулкон доир ба масъалаи таҷдиду барқарорсозии технологии онҳо ягон чора андешида нашудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда чораҳои муассир андешад.

Ҳамчунин, ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро дар самти ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом, хусусан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва ҷалби соҳибкорон ба ин самт тақвият бахшанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди беҳтар гардидани вазъи корҳо вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар вилоят, имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳоло ҳам зиёд мебошанд.

Сарфи назар аз он ки ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар афзоиш ёфтааст, вале бо дарназардошти супоришҳои қаблан додашуда оид ба пурра таъмин намудани талаботи хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ кор дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суст ба роҳ монда шудааст.

Сатҳи таъминнокӣ бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар вилоят соли 2022-юм 49,5 фоиз ва дар се моҳи аввали соли 2023 ҳамагӣ 1,5 фоизро ташкил кардааст, ки умуман қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки бо вуҷуди супоришҳои қатъӣ доир ба таъсиси корхонаҳои коркарди пӯст, то имрӯз дар вилоят, ба истиснои як корхона дар ноҳияи Данғара, ки соли 2022 ба истифода дода шуд, дигар ягон корхона дар ин самт таъсис дода нашудааст.

Вилояти Хатлон аз лиҳози чорводорӣ низ минтақаи калонтарини кишвар мебошад, вале ба масъалаи коркарду истифодаи пашму пӯсти чорво эътибори зарурӣ дода намешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон доир ба ташкили корхонаҳои коркарди пашму пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар намудҳои маҳсулоти чармӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар се моҳи аввали соли 2023 аз вилояти Хатлон ҳамагӣ ба маблағи 172 миллион сомонӣ молу маҳсулот, аз ҷумла ба маблағи 7,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Дар баробари ин, дар ин давра ба вилоят ба маблағи садҳо миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Ҳол он ки барои истеҳсоли онҳо дар вилоят захираву имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд.

Аз ҷумла, оид ба ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва ба ин васила ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, хусусан, ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани ҷавонон чораҷӯӣ намоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 65 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6,2 миллиард сомонӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ҷудо гардидааст.

Ҳарчанд ки то имрӯз 5 ноҳияи вилоят аз рӯйхати ноҳияҳои субвенсионӣ бароварда шудааст, то ҳанӯз 15 шаҳру ноҳияҳои дигар ҳамчун ноҳияҳои субвенсионӣ боқӣ мондаанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати дар солҳои минбаъда афзоиш додани сарчашмаҳои даромади дохилии буҷетҳои маҳаллӣ ва кам кардани ҳиссаи мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо вуҷуди дар се моҳи аввали соли 2023 дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар вилоят, қисми хароҷоти буҷети он пурра таъмин нашудааст, ки аз ин ҳисоб ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят беш аз 31 миллион сомонӣ маблағ кам равона гардидааст.

Инчунин, қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои вилоят уҳдадориҳои андозии худро аз рӯйи баъзе намуди андозҳо, яъне сифатнокии иҷрои нақшаи андозро таъмин накардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 21 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ 165 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бояд бартараф карда шавад.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи таҳлилҳо дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон беҳтар гардида истодааст.

Вале зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос тамоми имкониятҳо равона карда шаванд.

Гарчанде дар вилоят 1148 маркази инкишофи кӯдак ва 162 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, вале фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ҳамагӣ 15 фоизро ташкил медиҳад, ки ба талабот ҷавобгӯй нест.

Ҳамзамон бо ин, дар вилояти Хатлон то ба ҳол 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар се баст фаъолият дорад, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала бояд ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳоло дар вилоят 131 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 93 бино ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Мушкилоти дигари соҳаи маорифи вилоят норасоии кадрҳо мебошад, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Тибќи маълумот дар муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилоят 43 нафар омўзгор, аз љумла аз фанњои даќиќ ва технологияњои иттилоотї намерасад.

Соли 2022 аз вилояти Хатлон, дар маљмўъ, 7346 нафар донишљўён муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбиро бо равияи омўзгорї хатм кардаанд.

Њоло дар муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбї аз рўйи равияи омўзгорї аз вилояти Хатлон беш аз 27 њазор нафар донишљўён (аз љумла дар муассисањои тањсилоти олї ќариб 23 њазор нафар) тањсил доранд ва соли 2023-юм 6500 нафари онњо равияи омўзгории муассисањои мазкур, аз љумла 4500 нафар муассисањои тањсилоти олиро њатм менамоянд.

Дар вилоят иҷрои барномаҳои дар соҳаи маориф қабулшудаи давлатӣ низ дар сатҳи паст қарор дорад.

Таъкид месозам, ки соҳаи маориф минбаъд низ ҳамчун самти калидии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат боқӣ монда, барои рушди ин соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили марказҳои инкишофи кӯдак чораҳои зарурӣ андешанд.

Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои фаврӣ ва мушаххасро амалӣ намоянд.

Илова бар ин, бояд сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои бозори меҳнат заруранд, ба роҳ монанд ва ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони вилоят, бахусус ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳифзи сиҳатии мардум ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳоло дар вилояти Хатлон 1785 муассисаи тандурустӣ бо 4374 нафар табиб ва 20356 нафар корманди миёна, аз ҷумла 163 муассисаи хусусии тиббӣ бо 400 нафар табиб ва 384 корманди миёна ба сокинони шаҳру ноҳияҳо хизмат мерасонанд.

То давраи соҳибистиқлолӣ дар вилоят ҳамагӣ 965 муассисаи тандурустӣ бо 2944 нафар табиб ва 11057 нафар корманди миёна фаъолият дошт.

Яъне дар 31 соли истиқлоли давлатӣ шумораи муассисаҳои тандурустии вилоят қариб 2 баробар зиёд шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят боз 9 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки соли 2022-юм ва 3 моҳи аввали соли 2023-юм 115 нафар табибон ва 634 нафар кормандони миёнаи тиб аз кор рафтаанд.

Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии вилоят 893 воҳиди кории табибон холӣ мебошад.

Оид ба ҳалли мушкилоти зикршуда супоришҳои мушаххас дода шуда буданд, аммо вазъ ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст.

Соли 2022 аз вилояти Хатлон 803 нафар донишљўён муассисањои тањсилоти олии касбиро бо ихтисоси табиб хатм кардаанд.

Њоло дар муассисањои тањсилоти олии тиббї аз вилояти Хатлон беш аз 5500 нафар донишљўён тањсил доранд ва дар соли 2023-юм 700 нафари онњо муассисањои мазкурро њатм менамоянд.

Соли 2022 аз вилояти Хатлон 803 нафар донишҷӯён муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо ихтисоси табиб хатм кардаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ аз вилояти Хатлон беш аз 5500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд ва дар соли 2023-юм 700 нафари онҳо муассисаҳои мазкурро ҳатм менамоянд.

Илова бар ин, ҳолати иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 беҳбудиро талаб мекунад.

Зеро то имрӯз 32 фоизи тадбирҳои дар он пешбинишуда, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дахл дорад, иҷро нагардидааст.

Камбудиҳои зикргардидаи соҳаи тандурустӣ дар вилоят, пеш аз ҳама, аз норасоии фаъолияти роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он гувоҳӣ медиҳанд, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба бартараф кардани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта иброз намоям.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи содиршавии ҷиноят дар 3 моҳи аввали соли 2023 тамоюли пастравӣ дошта, 1606 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 ҷиноят ё 11,1 фоиз кам мебошад.

Дар баробари ин, содиршавии ҷиноятҳои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, хариду фурӯши одамон, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, тамаъҷӯӣ 100 – фоизӣ зиёд гардида, коҷоқи маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ беш аз 62 фоиз ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор қариб 22 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 32 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 45 ҳолат кам мебошад.

Бояд гуфт, ки дар баъзе муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифи вилоят ҳолатҳои суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ҷой дошта, дар ин самт 82 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, тафтиш ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкоркунии он дар давоми соли 2022 аз 267 ба 275 ҳолат зиёд шудааст ва дар давоми 3 моҳи аввали соли 2023 ин намуди ҷиноят аз 54 ба 63 ҳолат расидааст.

Мақомоти дахлдор дар соли 2022 ва семоҳаи аввали соли 2023-юм 519 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор ва 435 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 354 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва аз рӯи ин ҳолатҳо нисбат ба 350 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ то 1-уми марти соли 2023-юм 1905 нафар сокинони вилоят дар давлатҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки то имрӯз 1796 нафари онҳо ба ҷойҳои зисти доимии худ баргардонида шуда, ҳоло 109 нафар дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Сатҳи баланди ифротгароӣ ва шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Кӯшониён, Вахш ва Фархор рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кор вобаста ба амалишавии «Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯлоб, Вахш, Хуросон, Ёвон, Данғара, Фархор ва Темурмалик суст ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он то ҳол аз байн нарафтаанд.

Дар ин самт тайи як солу се моҳи охир 7392 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, 3977 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст.

Барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабӣ ва ҷиноятҳои дорои хислати коррупсионии ба замин алоқаманд 603 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 7816 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгардида ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки содиршавии қонунвайронкуниҳои замин аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ, ки худ мутасаддии пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканӣ мебошанд, то ба ҳол ҷой доранд.

Дар ҷараёни санҷишҳо дар вилояти Хатлон 65 ҳолати ғасби замини муассисаҳои таълимӣ дар масоҳати қариб 21 гектар (Қубодиён 8, Ҷайҳун 6, Кӯлоб 6, Восеъ 6, Абдураҳмони Ҷомӣ 5, Дӯстӣ 5, Шаҳритус 5, Панҷ 5, Темурмалик 5, Кӯшониён 4, Ёвон 2, Хуросон 2, Бохтар 2, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Норак, Ховалинг ва Фархор якҳолатӣ) ошкор гардидааст.

Дар аксарияти ҳолатҳо бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо таъйиноти заминҳо барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ё иншооти хизматрасонӣ иваз карда шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи зикргардида, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти худро дар ин самт ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд ва доир ба пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар вилоят сохтмону барқарорсозии беш аз 1200 иншооту биноҳо ба анҷом расонида шудааст, ки 19,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Зимни сафари корӣ мо ду рӯз пеш дар шаҳри Левакант ба фаъолияти истеҳсолии марҳалаи якум корхонаи «Азот» бо иқтидори истеҳсоли 90 ҳазор тонна карбамид дар як сол оғоз бахшидем.

Инчунин, агрегати охирини неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба фаъолият оғоз кард.

Яъне неругоҳ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ, баъд аз таҷдиду азнавсозӣ пурра ба кор андохта шуд.

Дар натиҷаи корҳои азнавсозӣ, бо дарназардошти аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт расонида шудани иқтидори лоиҳавии неругоҳ ва барқарорсозии тавоноии коҳишёфтаи он, ки дар тӯли 61 соли фаъолият ба 165 мегаватт фаромада буд, иқтидори неругоҳ 110 мегаватт зиёд гардид.

Яъне баъд аз таҷдид ба неругоҳи барқи обии «Сарбанд» умри дубора бахшида, иқтидори он амалан 1,6 баробар баланд бардошта шуд.

Ҳамзамон бо ин, вазъи иҷрои корҳоро дар лоиҳаи «Таҷдиду азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар» ба дарозии 9,8 километр аз назар гузаронида, ҷиҳати оғози корҳои сохтмон дар қитъаи Бохтар – Данғараи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант – Данғара –Кӯлоб» барои азнавсозии 69 километр роҳ санги асос гузоштем.

Вале хотирнишон менамоям, ки вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят қонеъкунанда мебошад.

Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг ҳамагӣ 8 фоиз, Кӯлоб 10, Бохтар 10, Ҷайҳун 11, Балҷувон 11, Данғара 14, Муъминобод 14, Абдураҳмони Ҷомӣ 14, Ёвон 15 ва Вахш 15 фоизро ташкил медиҳад.

Раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вазифадоранд, ки иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар созанд.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, бо санъати баланди меъморӣ амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.

Дар ин росто, зарур аст, ки ба масъалаи таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини бехатарии мардум диққати ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамчунин, тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан, аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони болаёқат низ вазифаи бевоситаи шумо – роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои оид ба корҳои ҷавонон, занон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Такроран таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи бесуботи бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд ба мардум мунтазам хотиррасон намоем, ки сарфаю сариштакор бошанд, ба намоишкориву зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд, имкониятҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандони хеш сарф намоянд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои мамлакатро зарур аст, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 чораҷӯӣ карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани такрорёбии камбудиву мушкилоти солҳои пеш рухдода тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешанд.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ба корҳои ободониву созандагӣ сафарбар намудани мардум, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, истифодаи самараноку оқилона аз имконияту захираҳои фаровони вилоят, ҳалли саривақтии мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинони калонтарин вилояти кишвар вазифаи ҷониву бевоситаи ҳар яки шумо – роҳбарон ва масъулину фаъолон мебошад.

Ба ҳамаи шумо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд  30.03.2023

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон – Наврӯз, ки таҷлили он чанд рӯз инҷониб дар кишвари биҳиштосои мо идома дорад, бори дигар табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.

Фаро расидани Наврӯз паёме аз баробар гардидани шабу рӯз, зинда шудани табиат, оғози соли нав ва мавсими киштукор мебошад.

Мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки Наврӯз барои мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

Дигар ин, ки истиқлол ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯз чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон дар якҷоягӣ пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагони некноми мо мебошанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023

Иштирок дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ   25.03.2023

Олиҷанобон,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид,
Иштирокчиёни муҳтарам,

Дар давоми се рӯзи охир  Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем.   

 Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст.  Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад.

Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем.

Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун мизбонони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо ҳамаи шумо ҳамкории хуб доштанд.

Бинобар ин мо дар масоили об шарикони воқеӣ гардидем, ки арзишҳои ҳамсонро доро буда, гардиши пурраи обро аз сарчашмаи он то баҳр муаррифӣ мекунем.

Чуноне, ки мо аз кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд масъалаҳои ин гардишро баррасӣ намудем.

Ин аст қудрати бузурги об, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.

Дар ҳақиқат ин Конфронс ҷаҳонро муттаҳид сохт.

Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!

Биёед ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем!

Гарчанде ин Конфронс дар давраи миёнаи татбиқи Даҳсолаи амал оид ба об барои рушди устувор доир мегардад, ба назари мо, ин оғози шоҳроҳи нави  амалҳои мушаххаси мо мебошад.  

Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.

 Ҳама ӯҳдадориҳои шумо дар Рӯзномаи амалиёти об ворид карда шуданд.

Мо аз ин ӯҳдадориҳо истиқбол карда, пайгирии татбиқи васеи онҳоро зарур мешуморем.

Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити  ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоям.

Барои ҳузуратон бо мо дар шаҳри Ню-Йорк  ва барои шарикии дастаҷамъона изҳори сипос менамоям.   

Итминон дорам, ки ҳамаи мо имрӯз аз ӯҳдадориҳои гирифтаамон ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтем.

 Якҷоя мо  ба ин мақсадҳои наҷиб ноил хоҳем гашт!

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ