Таърих

  Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ рузмарра ва мубрам будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста дар ин самт  баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар ҷомеа тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

 

  Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 № 222 Политсияи андоз таъсис дода шуд.

 

  Дар баробари ин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2001 №590 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

 

  Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Бо тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.

 

  Соли 2006 баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаридани Конвенсияи Созмони милали муттаҳид зидди коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.

 

  Бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

  Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

 

  Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмўии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид.

 

  Ҳамзамон қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 №864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012» ҳамчун ҳуҷҷати кўтоҳмуддати давлатӣ дар радифи Стратегия ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ такони ҷиддӣ бахшид.

 

  Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмўии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.

 

  Мутобиқи банди 63 Консепсияи пешгуии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 №1021 тасдиқ гардидааст ва бо дарназардошти ба итмом расидани татбиқи Стратегияи зикршуда ва зарурати объективии идома бахшидани фаъолият дар самти мазкур, инчунин тақвият бахшидани ҳаракати муттасил дар соҳаи муқовимати маҷмўӣ бар зидди коррупсия Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 таҳия гардид.

 

  Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

 

  Роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз соли 2007 то соли 2009 Салимзода Шерхон Одина, аз соли 2009 то соли 2015 Абдуфаттоҳи Ғоиб, аз соли 2015 то соли 2017 Рустами Эмомалӣ ва аз соли 2017 то ин ҷониб Султонзода Сулаймон Саид ба ӯҳда дорад.

 

  Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 10 январи ҳар сол ҳамчун рӯзи кормандони Агентӣ ҷашн гирифта мешавад.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ