Сифатҳои вижа ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад. Баъди побарҷо намудани рукнҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, бунёди иншооти муҳими мавриди ниёз, минҷумла мактабу биноҳои маъмурӣ, такон бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти наву замонавӣ нақши меҳварӣ пайдо намуданд.

Дар саргаҳи ин бунёдкориҳо, дигаргунсозиҳо, пешрафтҳо, ободониҳо ва тозакориҳо афроди миллатдӯсту меҳанпараст ва ватанхоҳ қарор доранд, ки ҳамарӯза дар пайи пеш гирифтани иқдоми тоза ба манфиати ҷомеа мебошанд. Дар ин фароянд заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми ҷолиб доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накӯву созандаи ин чеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори чеҳраи миллат дар ойинаи чеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд:

Якум, сиёсатшиносон ва коршиносони масоили иҷтимоӣ барқарории сулҳу таҳкими амниятро аз дастовардҳои муҳимтарини Эмомалӣ Раҳмон баршумурдаанд, ки ба хислатҳои сабурӣ, таҳаммулпазирӣ ва доштани иродаи қавии сиёсӣ вобастагӣ дорад. Бидуни доштани хислатҳои мазкур ба чунин дастовард ноил шудан ғайриимкон аст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, зеро меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ будани ин шахсиятро ҳам дӯстон ва ҳам мухолифони Президент бидуни тардид қабул доранд.

Дар муддати кӯтоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки риштаи ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, кори саҳлу содда набуд. Ба Ватан бозгардонидани гурезагон, ба ҳаёти осоишта сафарбар намудани силоҳбадастон, таъмини манзилҳои маскунӣ ва фароҳам овардани шуғл ба ниёзмандон аз ҷумлаи корҳои таърихие буданд, ки бо камоли кордонӣ ва фарҷоми нек пазируфтанд. Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткӯш раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси дунявӣ ҳамвор кард. Ин махсустияти муҳимтарини мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳсуб мегардад.

Дуввум, тавъам будани қавлу амал аз хислатҳои дигари Президент ба шумор меояд. «То гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, худро ҳамчун Сарвари давлат осуда эҳсос намекунам» - чунин буд қавли нахусти Президент, ки аз минбари иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон садо дод.

Сарвари давлат барои амалӣ намудани ин қавл тамоми ҳастияшро ба кор дод, домони ҳиммат бар зада, беш аз як миллион гурезаро аз Афғонистону Покистон Эрону Русия ва мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ба сарзамини аҷдодӣ бозгардонд. Таърих чунин ҷоннисории фардеро кам ба ёд дорад, ки ҳатто мухолифони ақидатиашро ба меҳан бозгардонида бошад.

Бунёди нақбу роҳҳо, дар шароити буғранҷи иқтисодӣ тақсими 75 ҳазор га замин ба деҳқонон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат, таъмини амнияти энергетикӣ ва идомаи сохтмони НОБ-и Роғун аз тавъам будани қавлу амали ин бузургмард далолат мекунад. Тақсими замин ба кишоварзон ва раванди босуръати созандагӣ мушобеҳи «инқилоби сафеди шоҳ ва мардум» - Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон аст, ки то кунун бо муҳаббат сари забони мардуми ин кишвар қарор дорад.

Сеюм, қолабшиканӣ ва раҳонидани мардум аз чаҳорчӯбаи суннатҳои шахшудаи ба рушди ҷомеа ва қарни ХХ1 номувофиқ нишонаи вижаи амалкарди Президент дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми тоҷикро аз анъанаҳои маросими марг, амсоли додани «иртиш», оростани дастурхон ва додани хӯрок барои «оши сари тахта», «моҳ», «чил» ва «сол» раҳонид ва мардум дар шароити буҳронӣ қомати худро рост кард. Ба низом овардани маросими тӯй ва маъракаҳо, ҷорӣ намудани маҳдудият барои дигар чорабиниҳои тафреҳӣ аз сӯйи ҷомеа ба дилгармӣ истиқбол гашта, ин амали манфиатбор аз ҷониби роҳбарони давлатҳои ҳамҷавор низ бо мамнуният пазируфта шуд.

Мамнӯъ шуморидани никоҳи хешутаборӣ, ки реша ба суннатҳои таърихӣ дорад, зарбаи шадид ба генофонди миллат ба ҳисоб меомад. Бо ҳидоятҳои раҳнамунсозу созандаи Пешвои миллат афкори қолабии ҷомеа дар ин самт билкулл тағйир ёфт, собит намудани оқибатҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ имкон дод, ки ҷавонон дар бунёди оила аз ақли солим кор бигиранд. Шикастани чаҳорчӯбаи суннатӣ боис гардид, ки ваҳдати маҳалу минтақаҳои гуногуни кишвар муқтадир гардида, афкори умумимиллӣ дар ин самт падид ояд, зеро ваҳдати ҷомеа аз оила шакл мегирад.

Дар сиёсат, идеология, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг ва давлатдории навини Тоҷикистон шикастани чаҳорчӯбаи суннатиро мушоҳида намудан мумкин аст. Таҷрибаи байналмилалии сулҳи тоҷикон, ки онро СММ ба ҳайси таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт, дар заминаи синтези таҷрибаҳои таърихӣ ва муҳимтар аз ин, шикастани таҷрибаҳои суннатӣ ва дар заминаи навоварӣ рӯйи кор овардани таҷрибаи нави сулҳофаринӣ сурат гирифт. Муншии умумии вақти СММ Кофе Анан ва дигар абармардони ҷаҳони сиёсат онро чун «таҷрибаи беназир ва муваффақ дар ҷаҳони муосир» эътироф намуданд.

Ҳамбастагӣ бо мардум, хидмати содиқона ба халқу Ватан, фурӯтаниву воқиф шудан аз рӯзгори қишрҳои гуногуни ҷомеа, сила намудани сари ятимон, бекасону барҷомондагон ва бо ин мақсад пайваста сафар намудан ба гӯшаву канори кишвари маҳбуб, меҳмони деҳқонону кишоварзону аҳли ҳунар ва ашхоси ниёзманд гардидану ба ин васила ҳамдастӣ дар ҳалли мушкилоти мардум аз сифатҳои чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин чеҳраи мунавварфикр дар маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 хоксорона, вале самимона иброз дошт, ки “Ман ба нону намаки халқи базургворам ба ин мартаба расидаам. Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубониҳои ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.

Дар ҳар вожаву ибори ин иқтибос як кори хайру амали солеҳ ва муҳимтар аз ин, ҷузъи мардум будану муҳаббати самимӣ варзидан бо миллатро дарёфтан мумкин аст.

Дар анҷом Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамон ва кормандони мақомотро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки сокинони кишвар фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамояд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ