ИСТИҚЛОЛИЯТ КАФИЛИ ОЗОДӢ ВА СУЛҲУ АМНИЯТИ КИШВАР

 

   Яке аз арзишҳои муҳимтарини сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он  ҳамарзиш бо озодист. Мардуми тоҷик  табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Даҳсолаи охири асри ХХ-ум барои халқи тоҷик туҳфаи беназири таърихӣ дод.


9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамин тавр пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири неруҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате  чанд Истиқлолияти тозападиди мо зери хатар монд. Ниҳоят гурӯҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирӯзӣ расиданд, ваҳдату якдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши меҳвари мутаалиқ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

        

       Истиқлолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда, ҷилои тоза бахшид. Аз соҳибистиқлолии Тоқикистон бисту нӯҳ сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат давлати куҳанбунёди мо миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки ин ҳама далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Бинобар он, мо  бояд мисли ангушти як даст, фарзандони як модар  амал намуда,  дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.   

         

         Аз ҷумла, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, асъори миллӣ, бунёди роҳҳо ҳамчун омили пайвасти манотиқи кишвар ва мамолики ба мо ҳамсоя ва дур, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон боз ҳам афзун намуда, самараи даврони истиқлолият мебошанд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз он ифтихор мекунад, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил мебошад.  Халқи муаззами мо мекӯшанд то ватанашон ободу зебо бошад.  Ин худ рамзи бофарҳангии мардуми тоҷик аст.  Комёбиҳое, ки мардуми тоҷик бо вуҷуди ҳама мушкилоти дар ин муддат  ҷойдошта  ба онҳо муваффақ гардид, ба ҳама маълум аст  ва ин ҳамаро нодида гирифтан бешак камоли беинсофист. Аз ҳама муҳим дар кишвари азизамон имрӯз сулҳу салоҳ, оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ҳукмфармост. Дар шароити кунуни мо бояд манфиати миллию ватанхоҳонаи худро воло дониста, барои шукуфоии кишвари азизамон амал намоем.


Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи  Пешвои миллат ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати комил расидем. Ин ҳама шароит фароҳам овард, ки дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардем. Мардуми тоҷик набояд он рӯзҳои сангину нангинро фаромӯш созад ва ба насли ҷавон фаҳмонанд, ки ба қадри ин неъмати бузург бирасанд ва онро ҳифз намоянд.

 

Ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор намоянд, ки як давлати соҳибистиқлол ва як сарвари дилсӯзу ғамхор доранд ва дар тӯли 29 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти бисёре ноил гардидем, кишварамон обод шуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст. Бинобар он ҷавонон бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасанд ва дар рушду нумӯи Ватанамон бо меҳнати софдилона  саҳми арзанда гузошта, ба Ватан-Модар хизмат намоянд.


Дар тӯли 29 соли Истиқлолият халқамон бо шарофати меҳнати софдилонаву бунёдкорона дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои азим ноил гардид. Бо шарофати сиёсати дурусту оқилонаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар кишвари маҳбубамон сохтмонҳои азими аср, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, роҳҳо, кӯпрукҳои боҳашамат сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешравии давлат ва Истиқлолият шаҳодат медиҳанд.


Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз ҷумла, пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе ба монанди бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миёна, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкару нимпайкараҳо, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуданд. Дар тӯли 29 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам рушду нумӯъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд. Зиндагии мардум беҳтару хубтар гардид.


Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад. Зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯъ аст ва он моро ба тамоми кишварҳои дунё мепайвандад.


Имрӯз вазифаи ҳар як сокини сарзамини мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат, хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, пойдориву устувории кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат мебошад. Мо бояд ба қадри зиндагии осуда расем ва ғояи ваҳдатофаринию сулҳу суботро ҳифз ва тараннум созем.

        

        Ҳамаи Шумоён ҳамватанони гиромиро бо фаро расидани ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар нафар файзу баракат, хушиҳои рӯзгор, ба кишвари азизамон шукуфоӣ, пешрафт ва ободиро таманно менамоем.

        

        Истиқлолият муборак ҳамватанони азиз!

 

                                                                                              

                                                                                                       Роҳбарияти Агентии назорати давлатии

                                                                                                       молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

                                                                                                       Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ