Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Оғози ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон  16.09.2022

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф  15.09.2022

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев   15.09.2022

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

 

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.

 

Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ  15.09.2022

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

 

Сарони ду кишвар зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин  15.09.2022

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

 

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

 

Дар рафти мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки тайи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, қайд гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон  15.09.2022

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон  03.06.2022

Нимаи дуюми рӯзи 3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ ҷараён дошт, бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид.

Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Руйдоди муҳиму тақдирсоз барои шаҳрвандони ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику узбекро амалӣ месозад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

Боздид аз маҷмааи таърихии “Ичан-Қалъа” дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон   03.06.2022

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива - “Ичан - Қалъа” боздид ба амал оварданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Узбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.

Хива яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он “Ичан - қалъа” то замони мо бегазанд боқӣ мондааст.

Ёдгориҳои нодири Хива маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ