Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб   14.12.2022

14 декабр ҳамчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт.

Дар оғози музокирот эътимоди сиёсии дуҷониба заминаи устувори муносибатҳои шарикӣ ва асоси рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Покистон дар баробари ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлат будан, ҳамчунин омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа низ ба ҳисоб меравад.

Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштани муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту энергетика таъкид гардида, дар ин замина барои рушду таҳкими бештари муносибатҳо дар ин самтҳо баргузории ҷаласаҳои пайвастаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин муҳимияти таҳкимбахшии фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ ва энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Форуми соҳибкориро таъкид намуда, таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашониро байни ду давлат ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон  14.12.2022

14 декабр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.

Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардидааст.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Баъди садо додани сурудҳои миллии ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо ҳайатҳои расмии дуҷониб шинос шуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон  14.12.2022

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод горди фахрӣ саф ороста, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)

Иштирок дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)  08.11.2022

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории  иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

 Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.     

Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад.

Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)

Иштирок дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)  08.11.2022

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.     

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим   07.11.2022

Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Ҳамаи Шуморо дар маросими ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим хайрамақдам мегӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули таърихи ба тасвиб расидани Ковенсия иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ буд.

Кишвари мо ҷиҳати иҷрои муқаррароти он ва қарорҳои ҷаласаҳои давраии  тарафҳои Конвенсия пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим   07.11.2022

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Мисри Араб, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд доданд.

Зимрни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Павилиони об ва иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарони давлатҳову ҳукуматҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузро хайрмақдам гуфтанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдӣ

Мулоқот бо роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдӣ   06.11.2022

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд маънидод карданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ