Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ  10.03.2022

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ изҳор доштанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Миср  10.03.2022

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бародари арҷманди худ, Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намоям.

Имрӯз мо бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср гуфтушунидҳои хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо доштем.

Дар ҷараёни музокироти имрӯза мо ба мувофиқаҳои арзишманд ва муҳим расидем.

Дар фарҷоми музокирот як қатор санадҳои ҳамкориро, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро такмил медиҳанд, ба имзо расонидем.

Мо аз натиҷаҳои сафари худ ба Мисри дӯст қаноатманд ҳастем.   

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср 10.03.2022

Баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни суҳбати хоса ва музокироти васеъ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср   10.03.2022

10 март маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз гардид.

Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Қасри Иттиҳодия бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Дар майдони назди Қасри Иттиҳодия горди фахрӣ саф ороста буд.

Дар маросими истиқболи расмӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Чорабинӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Миср анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср

Боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср   09.03.2022

9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд.

Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо мебошад. Осорхона дар баробари ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунанд.

Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалӣ  “Паради Мумиҳо” баргузор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ