03 июня 2022 .
3 июни соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Мудирияти кулли ҳамкории байналмилалии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба таҳияи барномаи Иттиҳоди Аврупо дар бахши рушди маълумоти касбӣ-техникӣ ва кортаъминкунӣ тавассути дастгирии буҷет мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо доир ба мавзӯъ изҳори андеша намуданд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
20 майи 2022 .
20 майи соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Александр Водяной баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм муколамаи судманд анҷом дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда дар ин самт омодагии худро баён карданд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
29 апрели 2022 .
29 апрели соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Вук Жугич бо роҳбарияти Агентӣ доир гардид.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
28 апрели 2022 .
Имрӯз дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Владимир Козин бо маърӯза баромад намуда, доир ба чораҳои пешгирии коррупсия ва тадбирҳо ҷиҳати баргардонидани даромадҳо ибрози андеша намуд.
Дар идома байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, вобаста ба масъалаи баррасишаванда мубоҳиса сурат гирифт.
Семинари омӯзишӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки он дар роҳи муқовимат ба коррупсия ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
27 апрели 2022 .
27 апрели соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Владимир Козин баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, пас аз шиносоӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ муколамаи судманд анҷом дода, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда баён карданд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
04 ноябри 2021 .
2 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Кохи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Моҳият, мазмун ва аҳамияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур омӯзиши моҳият, мазмун ва аҳмияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддикоррупсионӣ мебошад.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
10 сентябри 2021 .
8 сентябри соли 2021 бо иштироки прокурорҳои генералии Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия, директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи VI Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкурро Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед А.И. оғоз намуда, бо қарори дахлдор директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия Ахметджанов М.М. ҳамчун раисикунандаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар солҳои 2021-2022 таъин карда шуд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail