Вохӯрии роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус

  23 ноябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо муовини раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Василев Анатолий Иванович баргузор гардид.

 

 Дар вохурӣ дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, инчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардида, дар самти ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

 Ҷонибҳо зимни вохурӣ барои густариш ва тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Агентӣ ва  Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид карданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ