Мизи мудаввар дар мавзӯи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

 

2 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Кохи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Моҳият, мазмун ва аҳамияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур омӯзиши моҳият, мазмун ва аҳмияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддикоррупсионӣ мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Баргузории ҷаласаи VI Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

8 сентябри соли 2021 бо иштироки прокурорҳои генералии Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия, директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи VI Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед А.И. оғоз намуда, бо қарори дахлдор директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия Ахметджанов М.М. ҳамчун раисикунандаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар солҳои 2021-2022 таъин карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ