Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Панҷакент  14.04.2022

Ҳамватанони азиз!

Кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостонӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.

Мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим ҷашни соли нави аҷдодии худ, яъне Наврӯзро бо тозаву обод кардани манзили истиқоматӣ, муҳити зист, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ истиқбол мегирифтанд.

Махсусан, дар Саразми бостонӣ, ки яке аз оғозгоҳҳои таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ва маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон ба шумор меравад, тибқи бозёфтҳои бостоншиносон ва таҳқиқоти муаррихон анъанаҳои зикршудаи наврӯзӣ ҷойгоҳи хосса доштаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

Машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд   09.02.2022

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои истиқболи арзандаи 35-солагии ҷашни умумимиллии Истиқлолият дастуру супоришҳо доданд.

Дар се соли охир дар вилояти Суғд беш аз 8 ҳазор иншоот бо таъсиси 21 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ