25 октябри 2022 .
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷараёни сафари кории имрӯза ба шаҳри энергетикҳои тоҷик, яъне шаҳри Норак як агрегати таҷдидгардидаи неругоҳи барқи обии «Норак» ба ифтихори 50-солагии оғози фаъолияти ин неругоҳи азим ба истифода супорида шуд.
Яъне имрӯз оғози умри дубораи неругоҳ мебошад.
Ба муносибати ҳарду санаи муҳим ҳамаи сокинони шаҳри Норак, тамоми энергетикҳои мамлакат ва шумо – ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям.
Неругоҳи барқи обии «Норак», ки иқтидори лоиҳавии он 3000 мегаваттро ташкил медиҳад, то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.
Мехоҳам боз як нуктаи муҳимми дигарро хотиррасон намоям, ки сарбанди аз сангу шағал бунёдгардидаи неругоҳ низ бо баландии 300 метр то имрӯз дар дунё ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
19 октябри 2022 .
Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид! Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо! Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо камоли хушнудӣ ҳузури ҳамаи шуморо дар сарзамини Тоҷикистон барои иштирок дар ин конфронси муҳимми байналмилалӣ, ки ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир бахшида шудааст, хайрамақдам мегӯям.
Ҳамоиши имрӯзаи мо сеюмин чорабинии сатҳи баланд аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудй ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» баргузор мегардад.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
27 сентябри 2022 .
Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз! Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям.
Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам, ки баъзе андешаҳои худро доир ба мақому манзалати забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва вазъи иҷрои Қонуни забон ба таври мухтасар баён намоям.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
16 апрели 2022 .
Ҳамватанони азиз!
Кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостонӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.
Мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим ҷашни соли нави аҷдодии худ, яъне Наврӯзро бо тозаву обод кардани манзили истиқоматӣ, муҳити зист, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ истиқбол мегирифтанд.
Махсусан, дар Саразми бостонӣ, ки яке аз оғозгоҳҳои таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ва маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон ба шумор меравад, тибқи бозёфтҳои бостоншиносон ва таҳқиқоти муаррихон анъанаҳои зикршудаи наврӯзӣ ҷойгоҳи хосса доштаанд.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
10 феврали 2022 .
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои истиқболи арзандаи 35-солагии ҷашни умумимиллии Истиқлолият дастуру супоришҳо доданд.
Дар се соли охир дар вилояти Суғд беш аз 8 ҳазор иншоот бо таъсиси 21 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail