24 сентябри 2024 .
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.
Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим дониста шуд.
Дар фароварди мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтарам Масъуд Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Чоп намудан
E-mail
24 сентябри 2024 .
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешавад. Барои муқовимат бо чунин таҳдидҳо истифода аз имконоти хадамоти дахлдор, сохторҳои махсуси созмонҳои байналмилалию минтақавӣ зарур шумурда шуд. Зикр гардид, ки дар конфронси қарибулвуқуъ дар Давлати Кувайт дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризми байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.
Чоп намудан
E-mail
24 сентябри 2024 .
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.
Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, соҳаи об ва беҳдошт пешбинишуда, ҳанӯз кофӣ нест.
Дар ин зимн таъкид шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, тақвият бахшад.
Раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” яке аз намунаҳои равшани талошҳои пайвастаи кишварҳо дар ин ҷода номида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуданд.
Зимнан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзӯъ дар Паймон ба хотири оянда, ки аз руи натиҷаҳои ин саммит қабул мешавад, истиқбол намуданд.
Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.
Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.
Чоп намудан
E-mail
09 августи 2024 .
8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.
Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити некро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тараннум ва пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ карданд.
Барномаи муштараки рангини консертии “Шоми дӯстӣ” хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъат баҳои баланд доданд.
Чоп намудан
E-mail
09 августи 2024 .
8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд.
Чоп намудан
E-mail
31 июля 2024 .
Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд.
Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон ташриф оварданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд, пас аз ду даври интихоботӣ Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.
30 июл Масъуди Пизишкиён зимни маросими савгандёдкунӣ расман ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд
Чоп намудан
E-mail
31 июля 2024 .
30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисиҷумҳури Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод.
Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.
Чоп намудан
E-mail