Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон

Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон 22.05.2024

22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ намуданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 22.05.2024

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, роҳрав бо қолини сабз густурда шуд ва аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин

Мулоқот бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин 26.04.2024

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ватикан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Попи Рим Франсиск

Мулоқот бо Попи Рим Франсиск 26.04.2024

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.

Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.

Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.

Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ  ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.

Таъкид гардид, ки Тахти Олишаън ҳамчун субъекти низоми байналмилалӣ дар умури ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Саҳми доимии ӯ дар татбиқи принсипҳои сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокирот Попи Рим бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Попи Рим табодули туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.

Сипас, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рим Франсиск ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими аксбардорӣ доир шуд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия

Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия 25.04.2024

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Президенти кишвар доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи кишвар машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар ва ҳамкорӣ бо кулли ҷаҳон ҳамасола барои идомаи таҳсили ҷавонон квотаҳо ва барои муҳоҷирони корӣ санадҳои муҳими танзимкунандаи будубоши онҳо таҳия ва қабул мегардад.

Дар рафти мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуданд.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳо миёни Тоҷикистон ва Италия

Маросими имзои санадҳо миёни Тоҷикистон ва Италия 23.04.2024

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар маҷмуъ аз руйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ 7 санади нав ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Ҷумҳурии Италия;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2026.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла 23.04.2024

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Президенти Италия “Квиринал” баргузор шуд.

Меҳмони олимақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни Қасри “Квиринал” Президенти Ҷумҳурии Италия самимона истиқбол гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Италия дар болои қолин қарор гирифтанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо дод.

Дар ин маврид дар болои боми Қасри “Квиринал” парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.

Пас аз анҷоми сурудҳои миллии ду кишвар Фармондеҳи Қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр гузориш дод.

Зимни ҳаракати роҳбарони ду давлат аз назди қаровули фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди парчами Ҷумҳурии Италия таваққуф карда, арзи эҳтиром намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо шиносии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб поён ёфт.

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Италия дар Қасри “Квиринал” дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

“Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем”, - таъкид доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Ҷонибҳо зимни музокирот маҷмӯи масоили ҳамкории байни ду давлат ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ карданд.

Баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ғании Италия, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноку барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси Шӯрои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкории ҷонибҳо дар бахши хусусӣ иқдоми саривақтӣ хоҳад буд.

Дар рафти мулоқот масоили дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти рафтуомади шаҳрвандон ва таъсиси хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ гардид.

Дар ин ҷода роҳбарони 2 давлат Созишнома дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро, ки дар доираи сафар  ба имзо мерасад, иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо оид ба рушди бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия табодули афкор намуданд.

Зикр карда шуд, ки парлумонҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Парлумони Аврупо ҳамкории судманд доранд ва барои ҷоннок кардани он таъсиси гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Италия амри зарурӣ аст.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили СММ, САҲА ва дигар сохторҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.

Дар рафти мулоқот ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзу таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо оид ба роҳҳои муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андешаронӣ карданд.

Дар фароварди мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Италия даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия 22.04.2024

22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Фюмичино ба номи Леонардо да Винчӣ меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан истиқбол гирифтанд.

 

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид. 

Чоп намудан E-mail