.
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
- Нозири калони раёсати кадрҳо.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ва ё иқтисодӣ;
- 1 сол собиқаи хизматӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ 2135 сомонӣ, инчунин иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ва рутбаи махсус.
- Ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail
.
Ба маълумоти ҷавонон аз синни 10 то 25 сола расонида мешавад, ки ҳарсол Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар доираи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия озмуни байналмилалии ҷавонон оид ба таблиғоти иҷтимоии зиддикоррупсионӣ “Якҷо бар зидди коррупсия!”-ро баргузор менамояд.
Мақсади баргузории озмун ин фароҳам овардани шароит барои худшиносии эҷодии кӯдакону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва оммавигардонии маъёрҳои зиддикоррупсионӣ мебошад.
Ҷуғрофияи озмун доимо васеъ шуда истодааст ва аллакай ҷавонон аз Алжир, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Мадагаскар, Покистон, Россия, Сурия, Тоҷикистон, ҶАҶ ва дигар давлатҳо муттаҳид мекунанд.
Озмун дар се бахш баргузор мегардад: “Плакати беҳтарин”, “Беҳтарин расм” ва “Беҳтарин навор”. Барои иштирок шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 10 то 25 сола даъват карда мешаванд.
Корҳо дар вебсайти www.anticorruption.life аз 1 майи соли 2024 то 1 октябри соли 2024 қабул карда шуда, қоидаҳои он дар вебсайти зикршуда бо забонҳои аглисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсузӣ дастрас мебошанд.
Ҷамъбастии натоиҷи озмун ба Рӯзӣ байналмилалии мубориза бо коррупсия бахшида шудааст (9 декабря).
Маводҳои озмун плакатҳои зиддикоррупсионӣ, расмҳо ва видеоҳо – баъдан ҳамчун таблиғи иҷтимоии зиддикоррупсионӣ истифода мешаванд ва дар намоишгоҳҳои сершумор, аз ҷумла дар майданҳои байналмилалӣ намоиш дода мешаванд.
Чоп намудан
E-mail
.
Ҷиҳати таъмини иҷрои босифати “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Коррупсия-фоҷеаи миллат!” аз санаи 17 апрел то 01 майи соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкилу баргузор карда шуд.
Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад, ки дар ҷараёни он насли наврас ва дар навбати худ волидайни онҳо оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун падидаи воқеияти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархӯрдор мегарданд.
Дар озмун намояндагони раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва омӯзгорону таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар рафти он аз тарафи таълимгирандагони муассисаҳо расмҳо ва иншоҳо дар мавзўи “Коррупсия – фоҷеаи миллат!” пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа ғолибони озмун бо диплому сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро барои баланд бардоштани савияи донишу фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва дар ин замина ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail