16 октябри 2023 .
13 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.
Зимни ҷаласаи хосса ва бо иштироки ҳайатҳо сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои минбаъд низ пур намудани рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мундариҷаи амалӣ изҳори омодагӣ намуда, доир ба дурнамои рушди минбаъдаи Иттиҳод ибрози андеша намуданд.
Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои зимни ҷаласа қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ дар доираи Иттиҳод такони иловагӣ хоҳанд бахшид.
Дар заминаи масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар робита ба ин аҳамияти татбиқи муттасили Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 таъкид шуд. Зимни татбиқи стратегияи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам имконоти захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии давлатҳои аъзо ва ҳам вазъи геоиқтисодию геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бояд ба назар гирифта шавад, изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешбурди иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин масъалаҳои тағйирёбии иқлим самтҳои муҳими Иттиҳод боқӣ мемонанд. Дар ин замина азми Тоҷикистон барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ гардида, ба ҳамкории минбаъдаи созандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт изҳори умед карда шуд.
Пешвои миллат муҳимияти таҳкими минбаъдаи рӯзномаи фарҳангӣ ва гуманитариро таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузории Форуми панҷуми олимони давлатҳои аъзои ИДМ соли оянда дар ҷумҳурӣ баён доштанд.
Дар суханронии Сарвари давлатамон ҳамчунин ба миқёси ташвишовари зиёдшавии хатару таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба муҳимияти идома додани татбиқи амалии қарору санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба таҳкими минбаъдаи заминаи меъёрии ИДМ дар бахши амният таъкид гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 қарор ва санад қабул гардид. Раёсат дар Иттиҳод ба ҷониби Федератсияи Русия гузашт.
Баъди анҷоми кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳамин ҷо бо иштироки сарони давлатҳо маросими супоридани Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Мукофоти олӣ - Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 октябри соли 2002 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис ёфта, ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин ба дигар арбобони давлатию ҷамъиятии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2007 барои саҳми арзанда дар таҳким ва рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъмини сулҳи байналмилалӣ ва амният бо ин мукофоти олӣ сарфароз гардида буданд.
Чоп намудан
E-mail
16 октябри 2023 .
Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамёрӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф таъкид намуда, аз оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳии кӯҳӣ вуҷуд дорад.
Доир ба масъалаҳои амният, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
Чоп намудан
E-mail
16 октябри 2023 .
Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, зоҳир шуд. Сарони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.
Чоп намудан
E-mail
03 октябри 2023 .
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.
Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад.
Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Инчунин Сарвари давлат оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва инчунин самтҳои афзалиятноки мутақобилан судмандро таъкид намуданд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Чоп намудан
E-mail
03 октябри 2023 .
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” вориди шаҳри Берлин шуданд.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон”, Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.
Чоп намудан
E-mail
20 сентябри 2023 .
19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.
Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ифтитоҳ кард.
Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.
“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз” Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти кишварҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андешаронӣ карданд.
Дар баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марз бо Афғонистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии кишвари ҳамсоя пешкаш намуда, нерӯи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолиятиашон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад аз ин рӯ, мо манфиатдор ҳастем, ки сулҳу субот дар ин кишвар ҳарчи зудтар барқарор шавад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули Эъломияи ин ҳамоишро ҷонибдорӣ мекунем.
Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Вохӯри и сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” Эъломияи сарони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.
Чоп намудан
E-mail
19 сентябри 2023 .
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.
Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.
Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистонтамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишварбарои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Чоп намудан
E-mail
29 августи 2023 .
26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.
Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.
Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу карданд.
Чоп намудан
E-mail