Иштироки масъулини Агентӣ дар конференсияи минтақавӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

20-21 майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Миёна (UNODC ROCA) Конфронси минтақавии коршиносон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентӣ ширкат варзиданд.

 

Конференсияи мазкур дар заминаи Платформаи минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи босуръати меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия ташкил ва баргузор гардида, ҳадафи асосии он аз табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар самти баргардонидани дороиҳои тасарруфшуда, идоракунии дороиҳои ҳабсшуда ва мусодирашуда, инчунин масъалаҳои мубрам оид ба истифодаи криптоасъорҳо ба шумор меравад.

 

Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён ёфта, иштирокчиёни он аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои қайдгардида баҳраманд гардиданд.

 

Маркази матуботи Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ