Баргузории мизи мудаввар бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

08 майи соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе бо иштироки шахсони масъули муассисаҳои табобатию пешгирии раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкурро сардори раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе н.и.т. Х. Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба оқибатҳои хисороти падидаи коррупсия ба амнияти иқтисодии кишвар, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ибрози андеша намуданд.

 

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулини раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯъҳои “Нуқтаҳои асосии мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024”, “Мафҳум, мақсад, тартиби ташкили раванди таҳлил ва давраҳои таҳлили хавфҳои коррупсионӣ” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маърӯза карда шуда, вобаста ба моҳият ва мазмуни гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, мақсад аз баргузории ин гуна чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии тамоми қишри ҷомеа ва муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегардад. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ