Баргузории конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф” дар ҳошияи эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

20 июни соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори Донишгоҳ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф” дар ҳошияи эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор шуд.
 
Конфронсро шахсони масъули Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр карда шуд, ки ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти масъалаҳои экстремизму терроризм ва ҷаҳонишавии коррупсияро, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда буд, сари вақт дарк намуда, муқовимати оштинопазирро бо ин падидаҳои номатлуб дар меҳвари сиёсати хеш қарор додаанд. Таъкид гардид, ки дар таърихи Тоҷикистони навин тамоми масъалаҳо вобаста ба ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия бевосита аз иродаи олии сиёсии ин абармарди таърихӣ сарчашма гирифта, ташаббусҳои ин сиёсатмадори барҷаста дар ин ҷода беназир арзёбӣ мегардад.
 
Дар идома иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои ҷанбаҳои ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, экстремизм ва терроризм, инчунин нақши ниҳодҳои давлатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди коррупсия маърӯза карданд ва оид ба масъалаи мазкур мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ