Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

    Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар ....
18.10.2017 14:02 1562


  Ҷаласаи навбатии “Шўрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия” дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия санаи 27 сентябри соли 2017 баргузор гардида, дар он намояндаи Агентӣ сарнозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ....
10.10.2017 16:28 984


  Таҳти роҳбарии муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Нурзода Т.С. гуруҳи корӣ дар ҳайати 3 нафар аз Агентӣ дар ҷаласаи 19-уми Шўрои ҳамоҳангии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои ....
10.10.2017 10:43 1334


      Шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” ба боварии ў даромада, барои ба манфиати ў ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан маблағи 4000 сомонӣ фиреб карда гирифта, боз ....
10.10.2017 10:35 1130


      Аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан мухими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия аз рӯи парвандаи ҷиноятии нисбати Нурддинов А.А., Носиров Э.Р. ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми ....
06.10.2017 17:21 1747


      Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи «Забон ҳамчун муқаддасоти миллӣ» ҷаласаи васеъ доир гардид.  ....
05.10.2017 17:30 997


    Гуруҳи корӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 18-уми мониторингӣ оид ба Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия ва ҷаласаи 22-юми гурўҳи роҳбарикунандаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки ....
03.10.2017 15:51 1690


    Тадбирҳои Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва бо ин васила фароҳам овардани шароиту имконоти зарурии ҷалби сармоя ба иқтисодиёт ....
03.10.2017 13:59 3308


      Мутахасcиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Азизов Акмал Исматуллоевич ва ёрдамчии калони сардори зершуъбаи сафарбари Комисcариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Темуров Умедҷон Давлатшоевич аз шаҳрванд «А» барои ба номи писараш тайёр карда додани билети ҳарбӣ ....
30.09.2017 10:14 1000


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.