Камомади маблағҳои пулӣ дар корхона

Тибқи фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ тафтиши фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳии шаҳраки Ёвон” гузаронида шуд.

       Зимни санҷиши корхонаи мазкур дар давраи аз моҳи июли соли 2020 то моҳи январи соли 2021 ба маблағи умумии 399.004 сомонӣ камомад ошкор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замин

 

Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна дар вазифаи сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кор карда истода, моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Акобир»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.

Дар ин асос нисбати Ҳафизова Ф.М. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 338 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи музди меҳнати кормандон

 

Тибқи фармоиши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шахсони масъули моддии Неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.

Аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Талаби 10 000 сомонӣ барои омода намудани билети ҳарбӣ

 

Ниёзов Фурқат Ризоҷонович дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо духтури клиникаи вилояти Суғд Каримов Халил Ҷалолович аз шаҳрванд Азизӣ М.А. барои ба номи додараш Азизов М.А. омода намудани билети ҳарбии қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 дар маҷмӯъ маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда гирифта байни якдигар тақсим намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Руйпуш намудани қонунвайронкунии замин дар шаҳри Гулистон

 

Анвари А.А. дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор дар якҷоягӣ бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Гулистон Ҳамдамов Ш.М ва муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Мирзоахматов Р.А. зимни гузаронидани санҷиш ҳолати аз тарафи шаҳрванд Анорбоев Б.Ғ. ғайриқонуни истифодабарии қитъаи замин ва сохтмонҳои худсаронаро ошкор намуда, аз охирин ҷиҳати рӯйпуш намудани ҳолати ошкоршуда ва чораандешӣ накардан маблағи 10.000 сомонӣ талаб карда гирифта, байни якдигар тақсим намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ

 

 

Саидзода Рамазон дар вазифаи ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Саидзода Р. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

            Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

 

Мирзоев Фаридун Мунаварович дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, санаи 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ тамаъ намуда, аз ин маблағ 1.000 доллари ИМА ва 2.000 сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 8.000 сомониро талаб намуд.. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021

 

Воқеан ҳам Паём инъикоскунандаи авзоъи кишвар буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд ва дастуре барои расидан ба натиҷаҳои беҳтару хубтар дар соли равон мегардад.

Ба ин муносибат 19 феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон вобаста ба шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҷамъомад баргузор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мақолаҳои бештар...


Ҷустуҷӯ