Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

     Нимаи дуюми рӯзи 3 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ....
03.11.2017 22:54 977


     Рўзҳои 25-27 октябри соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон вохўрии 8-уми бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шабакаи мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи марказӣ (Шабакаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд), баргузор гардид.    Дар мулоқоти ....
02.11.2017 11:20 1387


     19 октябри соли 2017 намояндаи ҶДММ “Диамед” дар вилояти Суғд шаҳрванд “А” ба Агентӣ хабар дод, ки ба ташхисгоҳи ҷамъият, воқеъ дар ҳудуди беморхонаи клиникии ба номи С. Қутфиддинов-и шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Шарипов Раҳим Муҳаммадович барои гузаштани ташхиси тиббӣ ....
01.11.2017 15:46 1124


  Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 06.04 соли 2015, байни ҶСК "НБО Роғун" ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ "Умед-88" ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз ....
23.10.2017 17:22 2279


    Омўзгори «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии як гуруҳ шаҳрвандон даромада аз онҳо барои ба Муассасаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» дохил намуданашон ба сифати пора маблағи пулӣ талаб ....
18.10.2017 14:20 1247


    Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар ....
18.10.2017 14:02 1562


  Ҷаласаи навбатии “Шўрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия” дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия санаи 27 сентябри соли 2017 баргузор гардида, дар он намояндаи Агентӣ сарнозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ....
10.10.2017 16:28 984


  Таҳти роҳбарии муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Нурзода Т.С. гуруҳи корӣ дар ҳайати 3 нафар аз Агентӣ дар ҷаласаи 19-уми Шўрои ҳамоҳангии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои ....
10.10.2017 10:43 1335


      Шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” ба боварии ў даромада, барои ба манфиати ў ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан маблағи 4000 сомонӣ фиреб карда гирифта, боз ....
10.10.2017 10:35 1130


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.