Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

 

Мирзоев Фаридун Мунаварович дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, санаи 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ тамаъ намуда, аз ин маблағ 1.000 доллари ИМА ва 2.000 сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 8.000 сомониро талаб намуд.. 

Санаи 22 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Мирзоев Ф.М. пас аз гирифтани маблағи 8000 сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин хусус нисбати Мирзоев Ф.М. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ