Баргузории дарсҳои озод дар муассисаиҳои таҳсилоти олии кишвар

18 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муассисаиҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони Шӯро дарсҳои озод гузаронида шуд.

 

Дар ҷараёни машғулиятҳо коршиносон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, прокуратураҳои генералии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорусу Қирғизистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия дар мавзӯҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия маърӯзаҳои пурмуҳтаво омода намуда, ба донишҷӯён вобаста ба таљрибаи давлатҳои худ дар самти муқовимат ба коррупсия маълумотҳои заруриро пешниҳод намуданд. 

 

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои болозикр ин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Чорабинӣ дар муҳити дӯстона, руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоднокӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, шунавандагон аз он таассуроти хуб бардоштанд ва иттилооти бадастовардашуда минбаъд дар фаъолияти корӣ истифода хоҳад гашт.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail