Баргузории семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус

Санаи 17 сентябри соли 2024 дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар доираи нақша – чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус» семинари муштарак баргузор карда шуд. 

 

Нахуст чорабиниро муовини директори Агентӣ Талбакзода С.Т. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ҷиҳати ташриф овардан ба мақомот хайрамақдам гуфта, вобаста ба ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуданд. 

 

Дар идомаи чорабинӣ шахсони масъул аз Агентӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷрибаи ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия баромадҳои пурмуҳтаво намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи ҳозирин ҷавобҳои қонеъкунанда пешниҳод карда шуд. 

 

Дар маҷмӯъ, семинари омӯзишӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар назар аст, ки натиҷаи он барои густариши ҳамкории судманд байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус заминаи мусоид фароҳам меоварад. 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail