Баргузории ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия
18 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъулини аъзоҳои Шӯро аз мақомоти прокуратураҳои генералии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорусу Қирғизистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил иштирок намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами ба ҷаласаи 9-уми Шӯрои алоқамандро мавриди музокира қарор доданд.
Чорабинӣ дар муҳити мубоҳисавӣ, руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоднокӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, коршиносон лоиҳаи ниҳоии қарорҳои дар ҷаласаи 9-уми Шӯро қабулшавандаро таҳия намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ