Ошкори ҳолати қаллобии директори ҶДММ “Арса” бо баҳонаи ирсоли шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Одилов Қ.М. дар вазифаи директори генералии ҶДММ “Арса”-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи декабри соли 2023 то апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, дидаву дониста аз он, ки ҷамъияти ӯ бо ширкатҳои кортаъминкунандаи давлати Британия Кабир шартномаи ҳамкорӣ надорад, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кардан, аз шаҳрвандон аз 22 000 то 25 000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
 
Бо ин роҳ, Одилов Қ.М. дар маҷмӯъ зиёда аз 550 000 сомониро бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, аз ҳисоби ин маблағ автомашинаи тамғаи ТОЙОТА “ЛЕНДКРУЗЕР” харидорӣ намуда, боқимонда маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф ва тасарруф кардааст.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Одилов Қ.М. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати номбурда чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст.
 
Дар ин замина, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар сурати дидани зарари моддӣ аз кирдорҳои қаллобонаи Одилов Қ.М. бо ариза ба раёсати АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail