Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи низоми андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд, ки зимни он роҳбарияти ҳарду ниҳод ва ҳайяти васеи кормандони Агентӣ ширкат варзиданд.

 

Чорабиниро муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло ҳусни оғоз бахшиданд ва дар идомаи чорабинӣ масъулини Кумита вобаста ба масъалаҳои низоми андозбандӣ дар мамлакат, моҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои назорати андоз ва дигар масъалаҳои мухталиф ибрози андеша намуданд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ сурат гирифта, гузаронидани он барои тақвият ва мукаммал гардонидани донишу таҷрибаи кормандони Агентӣ дар самти ошкору тафтиши пешакии ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail