Ошкори ҳолати тасарруфи кӯмаки фондҳои хориҷӣ

Санҷиши молиявию - хоҷагидорӣ дар фаъолияти шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор нишон дод, ки аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 аз ҳисоби воситаи фондҳои кӯмаки хориҷии
Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд ба шуъбаи кишоварзии МИҲД Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ноҳияи Фархор 374 999 кг тухмиҳо ва нуриҳои минералӣ ворид гашта, он барои нигоҳдорӣ ва тақсимоти минбаъда ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазири ноҳия ба мутахассиси пешбар - муҳосиби ҳамин шуъба Исмоилов Т.С. вобаста карда шуд.
 
Дар ин муддат, Исмоилов Т.С. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ, ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, аз тухмиҳо ва нуриҳои минералии вобасташуда миқдори 247297 кг-ро ба хоҷагиҳои тибқи рӯйхат пешбинишуда тақсим намуда, боқимонда 20805 кг тухмиҳо ва нуриҳои менералиро бо арзиши умумии 204 822 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.
 
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Исмоилов Т.С. бо моддаҳои 257 қисми 3 банди «в», 314 қисми 1 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳитан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail