Ба итмом расидани тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Муродзода Ғ.М. нишон дод, ки номбурда аз 25 июли соли 2023 дар ин вазифа кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиаш дар давраи солҳои 2023 ва 2024 дар 4 ҳолат аз шаҳрвандон барои омода ва тартиб додани пешниҳод унвонии раиси шаҳри Панҷакент ва мусоидат намудан ҷиҳати гирифтани қарори раиси шаҳр оид ба ҷудо кардани қитъаи замин ҷамъ маблағи 18 000 сомониро ғайриқонунӣ гирифта, онро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард.
Ғайр аз ин, Муродзода Ғ.М. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, давоми моҳҳои феврал-апрели соли 2024 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари Кооперативи тиҷоратии “Ҳаёти нав”-и шаҳри Панҷакент Зиёвидинов У.Ҳ. амал карда, барои ба фурӯш баровардани 0,20 га қитъаи замин аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент аз шаҳрванд А.А. ҷамъ маблағи 40047,5 сомониро гирифтанд, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Муродзода Ғ.М. ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “в,г”, 314 қисми 1 ба 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Агентӣ