Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29 - Усмонов Қ.И. дар асоси фармоиши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2019, №45 то инҷониб дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон (минбаъд - ИДБЗ ва ОҲДЗ) фаъолият намуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.
Чунончи, Усмонов Қ.И. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, дар як маврид фарқияти маблағи 1 068 650 сомонии ба ин мақсад пешбинишударо, ки ба ў бовар карда супорида шуда, дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намуд.
Оиди ин ҳолат нисбати Усмонов Қ.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ