Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи директори ҶДММ «Помир Трипс»

Санҷиши молиявию - хоҷагидорӣ дар фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон нишон дод, ки Саидраҳмонов Ш.С. зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи директори ҶДММ “Помир Трипс” моҳи апрели соли 2023 нақшаи тиҷоратӣ оиди ба “Рушди сайёҳии куҳӣ дар ВМКБ бо роҳи бунёди инфрасохтори мавсимӣ”-ро ба маблағи 24000 доллари ИМА тартиб дода, онро ба Маркази болозикр пешниход намуд, ки дар натиҷа созишномаи дутарафа оид ба пешниҳод намудани маблағи грантӣ ба имзо расонида шуда, дар ин асно ба суратҳисоби ҷамъият ҷамъ маблағи 209 541 сомонӣ гузаронида шуд. 

 

Дар ин муддат, Саидраҳмонов Ш.С. қасди тасарруфи маблағои грантирҳо бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша намуда, баъди ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағи болозикр бандҳои созишномаро қасдан иҷро накарда, молу ашёи арзишдорро ба маблағи умумии 154 591 сомонӣ харидорӣ накарда, ин миқдор маблағро тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонид. 

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Саидраҳмонов Ш.С. бо моддаи 245 қисми 4 банд “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ