Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни таъмири роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Шаҳринав

Санҷиши молиявию - ҳоҷагидорӣ дар фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳринав нишон дод, ки санаи 31 июли соли 2023 Муассиса дар озмуни тендерӣ ҷиҳати “Таъмири болопуши роҳҳои автомобилгарди кӯчаи А.Сангин, А. Сараев ва И.Ҳокимзодаи ноҳияи Шаҳринав” иштирок намуда, бо пешниҳоди маблағи 919363 сомонӣ ғолиби озмун эътироф гардида, дар ин асно ба суратҳисоби Муассиса давра ба давра ин миқдор маблағ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ интиқол дода шудааст.

 

Дар ин муддат, сардори Муассиса – Ҳоҷаев Қ.Б. қасди ба даст овардани даромади муфтро бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша намуда, баъди ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағҳои буҷетӣ аз моҳи августи соли 2023 то моҳи январи соли 2024 бо истифода аз ваколати мансабдорӣ зимни иҷроиши корҳои таъмирӣ ҳаҷми корҳои иҷрошударо вобаста ба иншооти болозикр нисбат ба корҳои дар асл иҷрогардида барзиёд нишон дода, дар ин асно бо роҳи сохтакории санадҳои иҷроиши кор ҷамъ маблағи 144354 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.  

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳоҷаев Қ.Б. бо моддаҳои 245 қисми 4 банд “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ