Иштироки кормандони Агентӣ дар курсҳои омӯзишии зиддикоррупсионии Кореяи Ҷанубӣ

 Аз 10 то 19 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи муқовимат ба коррупсия ва ҳуқуқҳои маъдании Кореяи Ҷанубӣ барои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ дар якчанд шаҳрҳои ин кишвар гузаронида шуд. 

 

Ҳамзамон, дар курсҳои омӯзишии мазкур кормандони Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Прокуратураи генералӣ ва Шӯрои судии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ иштирок намуданд. 

 

Машғулиятҳо аз тарафи омӯзгорон ва кормандони Комиссияи муқовимат ба коррупсия ва ҳуқуқҳои маъдании Кореяи Ҷанубӣ гузаронида шуданд, ки дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсиониву иқтисодӣ, поктинатӣ ва ростқавлии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

 

Дар умум, чорабинӣ дар фазои сулҳу субот ва эҳтироми ҳамдигар барпо гашта, аз натиҷаи он ба иштирокчиёни машғулиятҳо сертификат дар бораи хатми курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия супорида шуд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ 

 

 

Чоп намудан E-mail