Ошкори ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ муайян карда шуд, ки Ҳабибов З.К. аз 03 октябри соли 2023 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора зад. 

 

Чунончи, Ҳабибов З.К. зимни фаъолияти хизматиаш қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, давоми моҳи марти соли 2024 аз шаҳрванд С.С. барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкории хешовандаш Ҳ.А., ки иҷрои амали мазкур ба доираи ваколати мансабиаш дохил мешуд, маблағи 10 000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифт, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд. 

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳабибов З.К. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail

Боздошти раиси Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон барои гирифтани пора

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки раиси Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ.И. бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли 2024 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони сехи истеҳсолӣ ва дузандагӣ дар ҳудуди ҳамин Ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я.Х. маблағи 100 000 сомониро ба сифати пора талаб намуда истодааст. 

 

Дар ин асно, худи ҳамон вақт аз ҳисоби кормандони Агентӣ гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, Набиев Ҷ.И. баъди ба сифати пора гирифтани маблағи 99500 сомонӣ аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кории худ дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ ёфта гирифта шуд. 

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Набиев Ҷ.И. бо моддаи 319 қисми 4 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати сӯиистифодаи ваколат зимни интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар сарҳади давлатӣ

Пирназаров Ш.М. аз 08 ноябри соли 2023 то инҷониб дар вазифаи нозири Дидбонгоҳи наздисарҳадии шаҳри Ҳисори Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори басти 2-юми гузаргоҳи сарҳадии Ҳисори Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанҷони А. дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона заданд.

 

Чунончӣ, Пирназаров Ш.М. дар давраи фаъолияти кориаш қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, бар хилофи манфиатҳои хизматиаш амал карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Ҳасанҷони А. давоми моҳи январи соли 2024 дар ду ҳолат аз шаҳрвандон “А” ва “Б” ҷамъ маблағи 10000 сомонӣ гирифта, бар ивази он бо роҳи деклоратсиякунонии носаҳеҳи маҳсулоти хӯроквории онҳоро, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешуд, ба пуррагӣ аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузарониданд, ки дар натиҷа пардохтҳои гумрукӣ ба пуррагӣ ба буҷаи давлат рӯёнида нашуда, бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлат ба таври ҷиддӣ поймол карда шуд.

 

Оиди ин ҳолат нисбати Пирназаров Ш.М. бо моддаии  314 қисми 1 ва нисбати Ҳасанҷони А. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матуботи Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии корманди ШХД “Муҳофиза”-и ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом

Насиров М.М. аз 18 июли соли 2023 то 27 январи соли 2024 дар вазифаи сардори нуқтаи мутамарказонидашудаи муҳофизаи ШХД “Муҳофиза”-и ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.
 
Чунончи, Насиров М.М. қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб моҳи январи соли 2023 ба боварии шаҳрванд Б.Т. даромада, аз номбурда барои тавассути шиносҳояш омода карда додани билетҳои ҳарбӣ ба номи наберааш Б.Т.О. ва ҷиянаш Ҷ.Д.Т. маблағи 76000 сомонӣ талаб намуда, дар ду марҳила аз Б.Т. ин миқдор маблағро дар ҳудуди шаҳри Конибодом гирифта, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накард.
 
Оиди ин ҳолат нисбати Насиров М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар МД «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич»

Зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти Муассисаи давлатии «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич» муайян гардид, ки Отаҷонов М.Ш. аз 19 августи соли 2014 то инҷониб дар вазифаи директори ҳамин Муассиса кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ дар чунин ҳолат даст ба ҷинояти азонихудкунӣ зад.
 
Чунончи, Отаҷонов М.Ш. зимни фаъолияти хизматиаш моҳҳои феврал - апрели соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Садафи Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич Ҷӯраев Д.Г. амал намуда, ба воситаи ҷамъияти мазкур дар 5 ҳолат бо роҳи сохтакории борхатҳои хароҷотӣ маблағи 203 102 сомонии барои харидории маводҳои безараргардонӣ ҷудошударо нақдӣ кунонида, маблағи дар ихтиёрдориашон қарордоштаро аз рӯи таъйинот истифода набурда, аз он 152 248 сомониашро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ азонихуд карданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калонии моддӣ расониданд.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Отаҷонов М.Ш. ва Ҷӯраев Д.Г. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Қубодиён зимни сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуҷд, ки Давлатзода С.Д. дар вазифаи нозири минтақавии шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Қубодиён кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Э.А. даромада, аз номбурда бо баҳонаи сафарбар намудани наберааш Э.М.А. ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ маблағи 66000 сомонӣ талаб намуд. 

 

Зимнан, Давлатзода С.Д. дидаву дониста аз он ки ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, худи ҳамон вақт аз шаҳрванд Э.А. маблағи 66000 сомониро гирифта, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда тасарруф намуд.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатзода С.Д. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Ба итмом расидани тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Б.С.-ро ба итмом расонид. 

 

Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Абдураҳмонзода Б.С. ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст.

 

Вобаста ба ҳолатҳои болозикр нисбати Абдураҳмонзода Б.С. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б», 314 қисми 2 ва 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

Нисбати айбдоршаванда Абдураҳмонзода Б.С. чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати гирифтани маблағи пулӣ аз тарафи корманди Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик Ошкори ҳолати гирифтани маблағи пулӣ аз тарафи корманди Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик

Асомуддинов А.З. аз 27 сентябри соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба содир кардани ҷинояти қасдона зад. 

 

Чунончӣ, миёнаи моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик Асомуддинов А.З. бо сокини ин ноҳия Н.Ҷ.А. вохурда, огоҳ гардид, ки писари охирон Н.Ф.Ҷ. нияти гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ)-ро дорад.

 

Асомуддинов А.З. ҳолати мазкурро барои гирифтани маблағҳои пулӣ мусоид ҳисобида, бо сӯиистеъмоли мақоми хизматӣ барои дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаштани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Н.Ф.Ҷ., аз падари охирон Н.Ҷ.А. маблағи 12 000 сомонӣ талаб намуда, моҳи августи соли 2023 дар ду ҳолат аз Н.Ҷ.А. маблағи зикршударо гирифт.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Асомуддинов А.З. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ