ГУЗОРИШ АЗ НАТИҶАИ ДАВРИ ЧОРУМИ МОНИТОРИНГИ ТАВСИЯҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ ВА РУШД

     Бояд қайд намуд, ки ҳанўз дар соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

АЗОНИХУДКУНИИ МАБЛАҒҲО БО ИСТИФОДАИ ВАКОЛАТИ МАНСАБӢ

      Ёдгоров Рашидҷон Раҳматович дар вазифаи сармуҳосиби Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан кор карда истода, давоми моҳи октябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2016 бидуни андозаи муқаррарии маоши кормандони соҳаи фарҳанг ба унвони Раёсати молияи шаҳри Истаравшан дархости пулиро пешниҳод карда, баҳри тасарруф намудани маблағи пулӣ тибқи варақаҳои пулдиҳӣ ба номи кормандони соҳаи фарҳанг музди меҳнатро барзиёд нишон додааст. Пас аз оне, ки ба кортҳои пластикии кормандон маош гузаронида шудааст, Ёдгоров Р.Р. тариқи телефонӣ ҳар яке аз кормандонро ба назди худ даъват намуда, ҳолати гуё саҳван гузаронида шудани маблағи пулиро баён карда, маҳз бо ин роҳи сохтакорӣ маблағи пулии барзиёд гузаронидашударо тасарруф намудааст. Ҳамин тариқ Ёдгоров Р.Р. давоми моҳи октябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2016 бо роҳи тартиб додани варақаҳои пулдиҳии баръало қалбакӣ маблағи пулии 26992.11 сомониро тасарруф намуда, ба Раёсати молияи шаҳри Истаравшан зарари моддӣ расонид.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ