Вокуниш ба мақолаи Агентии иттилоотии «Азия - Плюс» бо номи «Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”»

Санаи 26 апрели соли 2024 баъди нашри мақола дар сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ширкати сохтмонӣ зимни сохтмони бинои ошхона дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сомонаи расмии АИ «Азия - Плюс» мақола бо номи «Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”» (ЛИНК) ба нашр бароварда шуд.

 

Омӯзиши мақолаи зикршуда нишон дод, ки баъди нашри мақола дар сомонаи расмии Агентӣ нисбати роҳбари ҶДММ «Лоиқ» Саидов А.И., номбурда аз ин ҳолат бохабар гашта, ба редаксияи АИ «Азия - Плюс» муроҷиат карда, айбдории худро дар тасарруфи маблағҳои зимни сохтмони иншоот дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда инкор намудааст.

 

Ҳамзамон, Саидов А.И. дар посухи худ ба АИ «Азия - Плюс» қайд намудааст, ки гӯё санҷиши гузаронидаи Агентӣ беасос буда, онро ҳамчун дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ номидааст ва зимни санҷиши молиявии гузаронидашуда иштирок накарда, нусхаи санади санҷишӣ ба ӯ дастрас нашудааст.

 

Бояд қайд намуд, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбари ҶДММ “Лоиқ” Саидов А.И. тибқи талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба, пурра ва холисона ба роҳ монда шуда, Агентӣ бо мақолаи нашрнамудаи АИ «Азия - Плюс» ва изҳори норозигии Саидов А.И. бо рафти тафтиши пешакӣ бо асосҳои зерин розӣ шуда наметавонад:

 

- дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии болозикр гумонбаршуда Саидов А.И. дар ҳақиқат ба санҷиши гузаронидаи муттахассисони самти назорати давлатии молиявии мақомот норозигӣ изҳор намудааст. Дар ин асно, бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор доир ба парвандаи ҷиноятӣ санҷиши такрории молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти ҷамъият вобаста ба сохтмони иншоот дар Марказ таъин гардидааст, ки натиҷаи санҷиши такрорӣ тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз тарафи Саидов А.И. бори дигар тасдиқ намудааст;

 

- дар рафти тафтиши пешакӣ нисбати Саидов А.И. чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ гардида, номбурда пурра дар рафти санҷиши такрории таъиншуда иштирок намуда, бо натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, яъне санади санҷишӣ аз 29 феврали соли 2024 шинос шуда, санади мазкурро бо имзои худ тасдиқ ва нусхаи онро гирифтааст;

 

- Саидов А.И. зимни пурсиш ба сифати айбдоршаванда санаи 07 марти соли 2024 айбдории худро дар тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо пурра тасдиқ карда, худро дар содир намудани ҷиноят пурра айбдор ҳисобида, ҳолати мазкурро бо дасти худ дар протоколи пурсиши айдоршаванда дарҷ намудааст; 

 

- ҳамзамон дар рафти тафтишоти пешакӣ аз тарафи айбдоршаванда баъди гузаронидани санҷиши такрорӣ зарари расонидашуда ба пуррагӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст, ки ҳолатҳои мазкурро расидҳои бонкӣ аз 16 ва 19 феврали соли 2024 ва 07 марти соли 2024 исбот менамоянд.

 

- вобаста ба ҳолати асоснокии гузаронидани санҷиши молиявӣ дар фаъолияти ҶДММ “Лоиқ” бояд қайд намуд, ки санҷиш дар фаъолияти худи ҷамъият, не балки дар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар рафти он асоснокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ мавриди санҷиш фаро гирифта, он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 02 декабри соли 2002, №66 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ гузаронида шуда, пурра асоснок мебошад;

 

- вобаста ба баҳси гражданӣ будани раванди сохтмони иншооти “Сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” аз тарафи ҶДММ “Лоиқ” бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санҷишҳои мавзӯии дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар қисмати гирифтан, ба воситаи суратҳисобҳо гузарондан ё истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби онҳо, иҷрои фармоиши давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки ин санҷишҳо бинобар зарурати доир намудани санҷиши мутақобила аз рӯи далелҳои мушаххас ба миён омаданд. Аз ин рӯ, санҷиш дар доираи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, бинобар мавҷуд будани маълумотҳои асоснок вобаста ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ҶДММ “Лоиқ” гузаронида шудааст, ки ҳолати мазкур зимни санҷиш пурра тасдиқи худро ёфтааст.

 

Асосҳои дар боло овардашуда пурра дуруст буда, дар ин хусус доир ба парвандаи ҷиноятӣ далелҳои раднашаванда мавҷуд мебошанд, ки дар сурати додани розигӣ аз тарафи роҳбари ҶДММ “Лоиқ” Саидов А.И. Агентӣ омода ҳаст онро ба ҳамагон пешниҳод намояд.

 

Дар ин асно, санҷиши фаъолияти ҶДММ “Лоиқ” дар муносибат бо Марказ вобаста ба сохтмони иншооти “Сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ваҷҳои овардаи роҳбари ҷамъият Саидов А.И. вобаста ба ин санҷиш пурра беасос мебошанд.

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, зимни он риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории конфронси илмӣ - амалӣ дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санаи 24 апрели соли 2024 дар бинои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он роҳбарият ва шахсони масъул аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, тандурустӣ ва маорифи вилояти Хатлон, инчунин масъулини МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ширкат варзида, дар баромадҳои худ вобаста ба муҳимияти баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқӣ ва роҳҳои он ибрози андеша намуданд.

 

Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз тарафи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024” шаҳодати гуфтаҳои болост.

 

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ ин дар баробари баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон инчунин омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии муқовимат ба коррупсия, ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризм ва тақвияти ҳамкории судманд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони вилоят дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати фурӯши қитъаҳои замин дар шаҳри Исфара

Зимни баррасии аризаи дастаҷамъонаи сокинони шаҳри Исфара муайян карда шуд, ки Шафеиён И.С. аз 01 марти соли 2021 инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

 

Чунончи, Шафеиён И.С. моҳи майи соли 2021 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд А.Б. ва якчанд сокинони шаҳри Исфара даромада, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз номбурдагон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаҳои Сомониён ва Моҳпарии шаҳри Исфара барои сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 255 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид ҷамъ 180 000 сомониро гирифт.

 

Шафеиён И.С. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, онро тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд А.Б. ва дигарон зарари махсусан калони моддӣ расонид.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Шафеиён И.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Боздошти корманди Кумитаи идораи замин дар шаҳри Ҳисор барои қаллобӣ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки Қосимов Қ.Т. дар вазифаи мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замин дар шаҳри Ҳисор кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш охирҳои моҳи январи соли 2024 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд С.М. даромада, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои манзили истиқоматиаш маблағи 30000 сомонӣ талаб карда, аз ин 20000 сомониро худи ҳамон вақт гирифта, оварда додани боқимонда 10000 сомонии дигарро талаб намуд.

 

Зимнан, дар асоси муроҷиати шаҳрванд С.М. санаи 22 апрели соли 2024 аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор гумонбаршуда Қосимов Қ.Т. баъди аз шаҳрванд С.М. гирифтани маблағи 10000 сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардида, маблағи зикршуда аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Қосимов Қ.Т. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ширкати сохтмонӣ зимни сохтмони бинои ошхона дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ – хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Саидов А.И. ҳамчун муассис - директори ҶДММ “Лоиқ” нақшаи ҷинояткоронаи тасарруфи маблағҳои буҷетиро таҳрезӣ намуда, бо ҳамин мақсад моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмонии иншооти “Сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” маблағи 142693 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудошударо бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ тасарруф намуд.

 

Сипас, номбурда бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳои ҷиноятиаш худи ҳамон вақт санади иҷроиши корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодабарии минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ пешниҳод кард.

 

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Саидов А.И. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Дастгир кардани муовини раиси ноҳияи Шаҳритус барои гирифтани пора

Санаи 18 апрели соли 2024 шаҳрванд А.С. бо ариза унвонии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат карда изҳор намудааст, ки нисбати муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода Комилҷон Мирзобадал чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда ҳамчун раиси комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати иҷро намудани амали муайян, яъне барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани даъватшаванда, ки он лаҳза дар Федератсияи Россия қарор дошт, маблағи 5000 сомониро ба сифати пора талаб карда истодааст.

 

Худи ҳамон рӯз, аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ - тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурӣ Мирзобадалзода К.М. дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи И.Сомонӣ баъди аз шаҳрванд А.С. гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар дохили автомашинааш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

Вобаста ба ҳолати болозикр 18 аперели соли 2024 нисбати Мирзобадалзода К.М. бо моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағи 200000 сомонӣ аз тарафи адвокат

Чалишов Р.С. аз 29 декабри соли 2022 то инҷониб дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон А.О.С. ва Р.Б.И. бо моддаҳои 130 ва 250 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳайси адвокат иштирок варзида, аз ҳолати оҷизии наздикони судшавандагон моҳирона истифода бурда, аз онҳо бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ барои мусоидат кардан ҷиҳати аз тарафи суд нисбати зерҳимоягонаш кам таъин кардани муҳлати ҷазо маблағи 200000 сомонӣ талаб намуд.

 

Хешовандони судшавандагон А.О.С. ва Р.Б.И. аз ноилоҷӣ ба талаби ғайриқонунии Чалишов Р.С. розӣ шуда, ба номбурда моҳи июли соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Душанбе маблағи 200000 сомониро дастрас намуданд, ки дар натиҷа Чалишов Р.С. баъди гирифтани ин миқдор маблағ ба манфиати зерҳимоягонаш ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Чалишов Р.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби музди меҳнат дар МДТ “Литсейи касбии техникӣ” дар ноҳияи Шаҳритус

Зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ-хоҷагидорӣ дар фаъолияти МДТ “Литсейи касбии техникӣ” ноҳияи Шаҳритус муайян гарид, ки Ёқуби Л. аз 19.12.2014 сол то 03.04.2023 сол дар вазифаи директори ҳамин муассиса кору фаъолият намуда, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи майи соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули МДТ “Литсейи касбии техникӣ” дар ноҳияи Шаҳритус дар ному насаби 69 нафар собиқ кормандон ва шахсони бегона парвандаҳои шахсӣ оиди фаъолият кардан дар Муассиса ва ҳуҷҷатҳои муҳосибиро пурра бо роҳи сохтакорӣ омода намуданд.

 

Сипас Ёқуби Л. ва шарикони ӯ дар асоси ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ омодашуда ба номи 69 нафар ғайриқонунӣ кортҳои бонкӣ кушода, ҳармоҳа дар ному насаби онҳо ҷамъ маблағи 470583 сомониро ҳамчун музди маош гузаронида, сипас тасаввути банкоматҳо онро нақдӣ кунонида, маблағи ба дастовардаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдони худ ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ёкуби Л. ва шарикони ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷинояти баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ