Ҷамъомади идона бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ

21 июни соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.
 
Чорабиниро роҳбарияти раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе оғоз карда, зикр шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар мамлакат ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида, мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
 
Сипас нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам дар мавзӯи “Сулҳи деринтизори тоҷик” баромад карда, қайд намуданд, ки 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки таҷлили санаи мазкур барои мардуми мамлакат ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад.
 
Дар идома кормандони раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе доир ба мавзӯи ҷамъомад маърӯза карда, нақши Ваҳдати миллиро дар таъмини сулҳу субот дар кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи ватандӯстӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва савияи донишу фарҳанги ҳуқуқии кормандон таъсири мусбии худро мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ