Ҷамъбасти мусобиқаи «Футболи хурд» миёни кормандони Агентӣ

Санаҳои 24 - 29 майи соли 2024 дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» миёни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа дар намудани «Футболи хурд» баргузор гардида, санаи 30 майи соли 2024 аз ҷамъбастии он натиҷагирӣ карда шуд.

 

Чорабиниро директори Агентӣ Султонзода С.С. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти ташкилу баргузории чунин мусобиќаҳо ибрози андеша карда, муҳимият ва саривақтии ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати таҷлил гардидани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ва дар ин замина қабул гаштани қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳидро зикр намуданд.

 

Чорабинӣ дар шароити тантанавӣ баргузор гардида, дар фарҷоми он ғолибони мусобиқа аз тарафи роҳбарияти мақомот бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ