Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба «Футболи хурд» байни вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ

Санаи 24 июни соли 2024 дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 23 декабри соли 2023 баён доштанд ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №516 «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026» мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз гардида буд, ҷамъбаст карда шуд.
 
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дастаҳои дигар вазорату идораҳо тими футболбозони Агентӣ низ дар мусобиқи варзишии болозикр ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардидаанд.
 
Ёддовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ин пеш аз ҳама таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ