Баргузории мусобиқаи “Футболи хурд” миёни кормандони Агентӣ

Санаи 24 майи соли 2024 дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи  футболи Тољикистон - муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии СММ №A/RES/78/281 қабул карда шудааст, мусобиқаи “Футболи хурд” миёни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Нахуст чорабиниро муовини директори Агентӣ Камолзода Ф.А. ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ташаббуси созанда ва саривақтии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон намудани 25 май ҳамчун “Рӯзи байналмиалии футбол” ва пазируфта шудани ин ташаббус аз ҷониби СММ суханронӣ намуданд.

 

Дар идомаи чорабинӣ қайд гардид, ки футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дар байни халқу миллатҳои мухталифи дунё дониста шуда, дар ташаккули тарзи ҳаёти солими ҳар як нафар нақши муҳимро мебозад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан