Баргузории ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

Санаи 23 майи соли 2024 дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Ҳамоиши ҷавонон дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон - омили рушди босуботи ҷомеа” баргузор гардид.

 

Чорабиниро роҳбарияти Агентӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба нақши ҷавонони кишвар дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва муқовимати онҳо ба зуҳуроти коррупсия суханронӣ намуданд.

 

Дар идомаи чорабинӣ устодон ва масъулони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи нақши ҷавонон дар пешрафт ва идоракунии кишвар, аҳамияти асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карданд.

 

Дар фарҷоми ҳамоиш барои меҳнати софдилона ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас, як қатор ҷавонони Агентӣ бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ