Рӯзҳои 4 - 5 июни соли 2026 сафари расмии ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори мақомот -  Талбакзода Сулаймон Талбак ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки сафари мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ўзбекистон барои солҳои 2025 - 2026 гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории он ин табодули таҷриба дар самти ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, шиносоӣ аз раванди фаъолияти кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсоя ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар рафти чорабинӣ масъулини Агентӣ бо фаъолияти Депортамент, Инспексияи назорати давлатии молиявӣ ва Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҳалл шинос шуда, аз наздик бо ҷараёни кории ин ниҳодҳо роҷеъ ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, гузаронидани санҷишҳои молиявӣ ва баланд бардоштани иштисоси кормандони давлатӣ огоҳӣ пайдо намуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои мустаҳкам гардонидани робитаи мақомот, муаррифии дастовардҳои зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва омӯзиши амалияи соҳавӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Маркази матбуоти Агентӣ