26 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади идона барпо гардид.
 
Чорабиниро сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, генерал-майори адлия Салимзода С.Ҳ. оғоз карда, зикр намуданд, ки бо заҳмату талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд ва марҳилаи ниҳоят ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки таҷлили санаи мазкур барои мардуми мамлакат ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад.
 
Дар идома кормандони раёсат доир ба мавзӯи ҷамъомад маърӯза карда, нақши Ваҳдати миллиро дар таъмини сулҳу субот дар кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои руҳияи ватандӯстӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ таъсири мусбати худро мерасонад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ