Санаи 21 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар воқеъ барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик аз ҷумлаи саҳифаҳои сабақомӯз ва арзишманде маҳсуб меёбад, ки баҳри пойдорӣ ва таҳкими давлату миллат аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ба ҳайси як чароғи ҳидоят асрҳои аср хизмат хоҳад кард.
Бегуфтугӯ, таҷлили ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиромро ба Ватан ва кулли муқаддасоти он устувор гардонида, зимнан эътимод хоҳад бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.
Дар идома ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфта, ба Ватани азизамон ваҳдати саросарии абадӣ, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ, саодати доимии рӯзгорро таманно намуданд.
Ҳамзамон, ба хотири арҷгузорӣ ба ин дастоварди муҳим ба ҳайати шахсии мақомот филми кӯттоҳи ҳуҷҷатӣ вобаста ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ба намоиш гузошта шуд.
Инчунин, дар ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили 28 - умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» як қатор кормандони мақомот бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо рутбаҳои навбатӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ